Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Тарғиби ватандӯстӣ ва дурӣ аз ҷинояткорӣ

431

Тарбияи ҷавонони ватандӯсту худогоҳ, донишманду соҳибтахассус аз ҳадафҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки пояи ин сиёсати ояндабинонаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд. 

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҷавонон рӯз аз рӯз бештар гардида, барои тарбия, роҳнамоӣ ва тавсеаи қобилияти ҷавонон заминаҳои воқеъӣ фароҳам оварда шудааст. Ташкили суҳбату мулоқот бо ҷавонон ба хусус донишҷӯён аз таъсиррасониҳои тарбиявие мебошад, ки масъулини мақомоти давлатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинӣ, сайқали шуур ва зеҳни ҷавонон истифода мебаранд. 

432

Бо назардошти ҳамин омил роҳбарияти Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 26 апрел мулоқот ва вохӯрии хешро бо донишҷӯёну устодони яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ва минтақаи Суғд – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор намуд.
Донишгоҳи мазкур офаридаи даврони истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки дар соҳаҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ мутахассисони ватаниро омода менамояд. Дар 6 факултети донишгоҳ - «Ҳуқуқшиносӣ»; «Бизнес ва идоракунӣ»; «Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ»; «Молия»; «Иноватсия ва телекомуникатсия»; «Баҳисобгири ва андоз» зиёда аз 6 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Вохӯрии мазкур дар кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он 500 нафар донишҷӯёни донишгоҳ, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва устодони муассисаи номбурда иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир вохӯриро оғоз бахшида ҳадафи чорабиниро шарҳ дод. Гуфта шуд, ки иқдоми роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоятро, ки маҳаки асосии он тарбия ва ба амалҳои шоиста ҳидоят намудани ҷавонон аст маъмурияти донишгоҳ ба маврид ҳисобида ҷонибдорӣ менамояд.
Зимни суханронӣ номбурда аз фаъолияти шабонарӯзии кормандони МКД ҳарф зада саҳми онҳоро дар таъмини волоияти қонун, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ арзишманд хонд.
Сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо суханронӣ намуда, ҳамкории муассисаҳои таълимиро бо мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар ташкил ва баргузор намудани мулоқотҳо ва сӯҳбати ошкоро доир ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, нақши пурсамар гузоштан дар ташаккули ҷомеаи солим назаррас арзёбӣ намуд. Мавсуф зимни суханрониаш аз саҳми ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Олии кишвар ҳарф зад. Ҷавононро барои соҳиб гардидан ба унвони донишҷӯӣ ситоиш намуда сардори милитсияи вилоят аз онҳо даъват ба амал овард, ки сазовори номи донишҷӯ бошанд. Вақтро зоеъ нагузаронида пайваста биомӯзанд, барои соҳибкасб ва мавқеъи худро дар зиндагӣ ёфтан талош намоянд. Ҳамчун мутахассиси варзида ба камол расанду фахри натанҳо падару модар, балки Тоҷикистон гарданд.
Сипас сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Қудратулло Назарзода оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар миқёси вилоят ба хусус миёни ҷавонон суханронӣ намуда мисолҳои воқеъиро аз фаъолияти мақомот ба самъи ҳозирин расонид.

433

Дар фарҷоми суханронӣ Қудратулло Назарзода аз омӯзгорону донишҷӯён ва ҷавонони пешсафи ҷомеа даъват ба амал овард, ки барои гул-гулшукуфии Тоҷикистон ҳиссагузор бошанд. Нерӯи худро ба корҳое сарф намоянд, ки ба манфиати ҷомеа нигаронида шудааст. Дар чорабиниҳои профилактикии ташкил менамудаи МКД, аз ҷумла амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” фаъолона иштирок намоянд.
Барои ҳамкорӣ бо шаҳрвандон дар ВКД ва сохторҳои поёнии он заминаҳои воқеӣ ба мисли “Телефони боварӣ”, “Телефони мадад”, “Сомонаи ВКД” мавҷуд аст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолатҳои зарурӣ аз он истифода намоянд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ донишҷӯён ва омӯзгорон баромад намуда, миннатдории ҳайати донишҷӯён ва устодони муассисаро ба роҳабарияти мақомоти корҳои дохилӣ барои чунин як мулоқоти судманд, ки тарғибгари тарзи ҳаёти солим ва раҳнамунсозандаи рӯзгори босаодат расониданд. Донишҷӯён ваъда доданд, ки маълумоти дар вохӯрӣ шунидаро ба ҳамсабақон ва рафиқонашон мерасонанд.
Акбар Шарифов
капитани милитсия.

 




Рӯйдодҳо

  • Ҷавонони фаъол қадрдонӣ гардиданд

    Рӯзи 17-уми феврали соли 2020 дар шаҳри Левакант вохӯрии кормандони ....

    17.02.2020 17:03
  • Хуҷа Каримов дастгир гардид

    Шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович (Хуҷа-командир) санаи 1-уми октябри соли 1960 ....

    17.02.2020 16:49
  • Иди Артиши миллӣ муборак!

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд ....

    17.02.2020 10:41
  • Дуздии маблағ бо роҳи шикастани шишаи тиреза

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 27-солаи ....

    17.02.2020 10:26
  • Қаллобӣ ба маблағи 25 ҳазор доллари амрикоӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди ....

    17.02.2020 10:23
  • Ҳалокати мусофир ва ронанда бар асари чаппа шудани автомашина

    Рӯзи 15-уми феврали соли 2020, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    17.02.2020 10:22
  • Вохӯрӣ бо шарикони иҷтимоӣ дар доираи ислоҳоти милитсия

    Рӯзҳои 13-14-уми феврали соли 2020 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ....

    15.02.2020 10:58
  • Зебову хуррам гардонидани муҳити зист вазифаи ҳар як шаҳрванд аст!

    Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    15.02.2020 10:33
  • Бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза зани 25-солаи сокини ....

    15.02.2020 09:26
  • Дуздии маблағ ва молу ашёҳои рӯзгор аз дохили хона

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 58-солаи сокини ....

    15.02.2020 09:25
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика