Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Панҷ: Ҷомеа бо милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамояд

461

Рӯзи 2-юми майи соли 2018, дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ, вохӯрии роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони маҳаллаҳо, омӯзгорон, хатибони масҷидҳо ва фаъолони ноҳияи Панҷ баргузор гардид.
Сардори ШВКД дар ноҳия Панҷ подполковники милитсия Фирӯз Одиназода ҷамъомадро оғоз намуда, таъкид дошт, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа, муттаҳидӣ ва мусоидат намудан ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ имрӯз бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия чунин вохӯрҳо судманд хоҳанд буд.
Инчунин қабул намудани аризаву хабар ва маълумоти дигар дар хусуси ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз шаҳрвандон, ба қайд гирифтани онҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ доир ба онҳо низ аз ҷумлаи вазифаҳои ҳамарӯзаи милитсия ба шумор меравад.

460

Ин аст, ки кормандони милитсия баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзу дар амон нигоҳ доштани молу мулки шаҳрвандон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Исмат Мируллоев дар суханрониии худ масъалаҳои муҳими доғи рӯз, ба монанди мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузориҳои давлату ҳукуматро мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр гардид, ки шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҷиноякорӣ дар байни ноболиғону ҷавононро пурзӯр намоем, ки дар ҳақиқат мубориза барои наҷоти фарҳангу ҳуввият ва ояндаи ҳар миллат мебошад. Аҳли ҷомеа вазифадор аст, ки дар якҷоягӣ бо кормандони милитсия роҳҳои бартараф намудани мушкилотҳоро сари вақт андешанд.
Дар хотима чанд нафар аз иштирокдорон ба музокира баромада, қайд намуданд, ки чунин вохӯриҳо ба пешрафти зиндагии осоишта ва ҳалли мушкилоти мардум тақвият бахшида, ҳамчунин робитаҳои судмандро бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ мустаҳкам менамояд.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика