Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ифтитоҳи Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Шаҳритуз

387

Рӯзи 19-уми апрели соли равон, дар шаҳраки Шаҳритуз Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар заминаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз ифтитоҳ гардид.
Дар маросими кушодашавии бинои мазкур Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек, Раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон Алихон, сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритуз полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Дмитрий Капортсев иштирок намуданд.
Дар оғози кушодашавии бинои мазкур генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек баромад намуда, зикр кард, ки бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2013-2020 дар манотиқи гуногуни кишвар якчанд ҳуҷраҳои корӣ барои Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд ва сохтмони ин марказ боз як қадами нав дар татбиқи ислоҳоти милитсия мебошад.

 

388

Маркази мазкур пеш аз ҳама барои ба даст овардани обрӯю эътибори мусбии кормандони милитсия дар байни аҳолӣ мусоидат намуда, барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷомеа тақвият мебахшад.
Мавриди қайд аст, ки Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа бо тамоми шароитҳои наву замонавӣ таъмин мебошад.
Гул Маҳбуба




Рӯйдодҳо

  • Боздошти ҷавони 24-сола бо гумони дуздии ду сар чорвои калони ....

    Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ....

    18.09.2020 10:06
  • Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 40-солаи сокини ....

    18.09.2020 10:05
  • Ба ҳалокат расидани мусофир ва пиёдагарди хурдсол дар садамаҳои нақлиётӣ

    Рӯзи 16-уми сентябри соли 2020, тахминан соати 23:00, ронандаи дучархасавори ....

    18.09.2020 10:03
  • Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ....

    17.09.2020 09:22
  • Пахши пиёдагард аз ҷониби ронандаи «Опел-Зафира»

    Рӯзи 15-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 20:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    17.09.2020 09:20
  • Ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ

    Чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм ....

    16.09.2020 13:52
  • Боздошти ҷавони 23-сола барои тасарруфи зиёда аз 7 ҳазор сомонӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    16.09.2020 09:39
  • Ошкор гардидани дуздии телефони мобилӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    16.09.2020 09:37
  • Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 66-солаи сокини ....

    16.09.2020 09:35
  • Тақвият ёфтани ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ

    Санаи 14-уми сентябри соли 2020, дар саҳни Шуъбаи Вазорати корҳои ....

    15.09.2020 15:02
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Озмун барои таҳсил дар Федератсияи Россия

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро баъди синфи 11 ....

    04.09.2020 10:09
  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика