Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАНЪИ РИШУ ҲИҶОБ ВА НОМҲОИ МАЗҲАБӢ ДАР ШИНҶОНИ ЧИН

Дар вилояти Шинҷон-Уйғури Чин аз 1 апрел ба мардон гузоштани риши дарози ғайрисуннатӣ ва ба занҳо дар маконҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯяшонро мепӯшонад, манъ шудааст. Мақомот никоҳи мусалмонӣ ва гузоштани номҳои мазҳабиро низ дар ин вилояти бахши аъзами аҳолиаш мусалмон манъ кардаанд.

Парлумони вилояти Шинҷон-Уйғури Чин рӯзи 29 март қонунеро қабул кардааст, ки барои мусалмонони сокини ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон як силсила маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунад. Дар ин қонун, ки аз 1 апрел ба иҷро даромад, аз ҷумла 15 аломате номбар шудааст, ки ба ақидаи мақомоти Чин, пайрави равияҳои тундрави мазҳабӣ будани касро собит мекунад.
Ҳамин тавр, аз 1 апрел дар тамоми ҳудуди вилояти Шинҷон ба мардон гузоштани "риши дарози ғайрисуннатӣ” манъ шуда, ба мақомот дастур додаанд, то "занонеро, ки либосашон рӯи онҳоро мепӯшонад ба фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳану автобус роҳ надиҳанд ва дар бораи чунин афрод ба пулис хабар диҳанд.”
Бар асоси ин қонун, ҳамчунин мусалмонони сокини Шинҷон бояд ба хотири наздик кардани худ ба ҳаёти дунявӣ радио ва телевизионҳои давлатиро гӯш ва тамошо кунанд, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ иштирок кунанд ва аз истифодаи вожаи "ҳалол ва ҳаром” дар умури зиндагии дунявӣ худдорӣ кунанд.
Ҳамин тавр, издивоҷ бо никоҳи мусалмонӣ ба ҷои никоҳи расмии қонунӣ дар ҳудуди вилояти Шинҷон манъ шудааст.
Волидони мусалмонон низ ба далелҳои мазҳабӣ ба мактаб намондани фарзандонаш аз ин ба баъд тибқи қонун муҷозот хоҳанд шуд. Волидон бар асоси ин қонун муваззаф карда мешаванд, то "ба фарзандони худ омӯзиши улуми дунявиро ташвиқ карда, онҳоро ба сӯи ваҳдати миллӣ ва алайҳи ифротгароӣ даъват кунанд.”
Ба волидони мусалмон дар вилояти Шинҷон ҳамчунин "ба фарзандонашон гузоштани номҳое, ки ба сӯи мазҳаб ташвиқ мекунанд,” манъ шудааст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ин ба маънои манъи комили истифодаи номҳои мусалмонист ё хайр?
Чунин қарорҳо дар бораи пешгирӣ аз "рафтори ифротгароёна” дар бархе аз гӯшаҳои вилояти Шинҷон қаблан ҷорӣ шуда, бино ба гузориши хабаргузории Ройтерс, дар дастикам як шаҳри ин минтақа вуруди занони ҳиҷобпӯш ва мардони ришдароз ба автобусҳо манъ шуда буд.
Ҳамин тавр, аз 1 ноябр дар Шинҷон қонуне ба иҷро даромад, ки барои ҷалби фарзандон ба фаъолиятҳои мазҳабӣ барои волидон ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад ва фарзандони онҳоро давлати Чин ба тарбияи худ гирифта, барои "ислоҳ” ба лагерҳои махсус мефиристад.
Мақомоти Чин бо ҳадафи мубориза бо ифротгароӣ садҳо масҷидро дар қаламрави Шинҷон баста, фаъолияти тамоми имом-хатибон ва масҷидҳои расмиро таҳти назорати шадид гирифтаанд.
Вале қонуни наве, ки парлумони вилояти Шинҷон -Уйғур қабул кард, маҳдудиятҳои боз ҳам бештареро дар саросари ин вилояти як бахши аъзами аҳолиаш мусалмон ҷорӣ мекунад.
Қонуни ахир дар пайи нашри гузоришҳоест, ки мегӯянд, шумори зодагони Шинҷон дар сафи гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурияву Ироқ, асосан дар сафи ДОИШ ба 5 ҳазор нафар расидааст. Ин ҷангиён моҳи феврал бо нашри як силсила видеоҳо гуфтанд, ки ба зидди ҳукумати Чин "ҷиҳод” эълон мекунанд.
Ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур, ки қаблан бо номҳои Қошғар ва Туркистони шарқӣ маъруф буд, дар ғарби Чин ҷойгир шуда, дарвозаи асосии он кишвар ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва то андозае ба Покистон ба шумор меравад. Дар ин вилояти масоҳаташ 1,7 миллион километри мураббаъ беш аз 22 миллион нафар, аз ҷумла 8,5 миллион уйғур, 7,5 миллион чиноӣ, 1,2 миллион қазоқ, 850 ҳазор дунган, 160 ҳазор қирғиз ва беш аз 40 ҳазор тоҷикони сарикӯлӣ ва вахонӣ зиндагӣ мекунанд. Тоҷикон асосан дар ноҳияи Тошқӯрғони Шинҷон ба сар мебаранд.
Шинҷон-Уйғур ба далели ҷудоиталабии ақалияти мусалмони уйғур дар тӯли солиён як мояи асосии ташвишҳои амниятии Пекин боқӣ мемонад.
Hamsinf.com  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика