Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Василева: диндоронро дар мактаб зарур нест, ки эътиқоди худро зоҳиран нишон диҳанд

Роҳбари Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия Олга Василева хусусияти дунявии маориф дар Россияро хотиррасон намуда, изҳор дошт, ки диндорони ҳақиқӣ кӯшиш намекунанд, ки муносибати худро ба имондорӣ тавассути зоҳирпарастӣ нишон диҳанд.

Қаблан дар Васоити ахбори омма хабар дода шуда буд, ки роҳбарияти Мордовия оиди манъи пӯшидани рӯймолҳои мусулмонӣ дар муассисаҳои таҳсилотии деҳаи тоторнишини Белозере барои муаллимаҳо ва толибаҳо дархост намуда буд.
"Ман фикр намекунам, ки шахсоне, ки дар ҳақиқат диндоранд, муносибати худро нисбат ба имондорӣ ба воситаи зоҳирпарастӣ нишон диҳанд… Дар мо хусусияти дунявии таҳсилот вуҷуд дорад", — мавзӯи манъи пӯшидани ҳиҷобҳои мусулмониро дар мактабҳо шарҳ дода, қайд намуд Василева, дар нишасти матбуотии бахшида ба ҷамъбасти соли 2016.
Дар соли 2015 Суди олии Федератсияи Россия манъи пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳои Мордовия қонунӣ донист.
"Якчанд сол пеш, суди констиутсионӣ қарор қабул намуд, ки ба ҳиҷобҳое, ки тааллуқияти миллиро нишон медиҳанд, дар мактаб ҷо нест. Аз ин рӯ, ман чунин меҳисобам, ки ин масъала якчанд сол пеш аз ҷониби суди конститусионӣ ҳалли худро ёфта буд", — илова намуд Василева.
Пӯшидани ҳиҷоб ва дигар либосҳои хусусияти динидошта дар мактабҳои дунявии Россия чандин маротиба дар ҷомеа мавриди баҳсҳои шадид қарор гирифта буд. Дар ин хусус президенти кишвар Владимир Путин изҳор дошт, ки пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таҳсилотӣ ягон хубие надорад: аз рӯи суханҳои ӯ, чунин анъана дар Россия, ҳатто дар минтақаҳои мусулмонӣ низ ҳеҷ вақт набуд.
Аввалин шуда дар Федератсияи Россия бо пешниҳоди манъи ҳиҷоб дар мактабҳо мақомдорони Ставропол баромад намуда буданд, ки ин иқдоми онҳо аз ҷониби Суди олии Россия дастгирӣ ёфт. Собиқ Вазири маориф ва илми ФР Дмитрий Ливанов зикр намуд, ки фарзандони онҳое, ки ҳиҷоб мепӯшанд, бояд дар муассисаҳои таълимоти динӣ таҳсил намоянд.
www.ria newes 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика