Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои варзишӣ байни ҷавонони ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ»

903Бо дастгириҳои бевосита ва ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони тоҷик ба ҳамаи шароитҳо ва имкониятҳои варзишӣ таъмин буда, ҳамасола ишғол намудани ҷойҳои намоёни варзишӣ дар миёни дигар кишварҳои ҷаҳон далелӣ он аст, ки варзишгарони мо парчамбардорони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.904

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аз ҷониби сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол ва бозии зеҳнии шашка байни ҷавонони ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ», дар деҳаи Будуни ноҳияи мазкур баргузор гардид.
905Ҷавонони ноҳия, ки мухлисон ва ҳаводорони ин намуди бозиҳои варзишӣ мебошанд, бо маҳорати баланди варзишӣ байни ҳам рақобат намуданд.
Дар чорабинии варзишӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Ванҷ полковники милитсия Иброҳимзода Иброҳим, раиси ҷамоати деҳоти Язгулом Меҳмонов Мусаниф ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ванҷ Раҳмонов Қаюм, варзишгарон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.906
Чорабинии варзишӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ полковники милитсия Иброҳимзода Иброҳим зимни баромад ҳамаи варзишгаронро аз номи роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ бахшида ба 27-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» табрику таҳният намуда, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаи варзишӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани малакаю маҳорати варзишӣ, таҳкими дӯстиву рафоқат дар байни ҷавонон, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ташкилотҳои ғайриқонунии террористиву экстремистӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа унвон карда шуд.
Дар мусобиқаи варзишӣ 4 дастаи волейболбозон ва 8 дастаи дӯсторони бозии зеҳнии шашкаи ҷавонони ҷамоати деҳоти Язгулом фаъолона иширок намуда, бо шавқу рағбати зиёд маҳорати баланди варзишии худро нишон доданд.
Варзишгароне, ки ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд, аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои бо Ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Далер Чоршанбе




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика