Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ховалинг

74426 майи соли 2024 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва соҳибкорони ватанӣ дар ноҳияи Ховалинг мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ бо иштироки паҳлавонони ватанӣ, кишварҳои Осиёи марказӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, варзишгарон - кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва мухлисони бешумори ин навъи варзиш оғоз гардид.

745Бояд тазаккур дод, ки
як гилеми алоҳида (татами) гузошта шуда, ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсус ва дигар сохторҳои қудратӣ дар мусобиқаи мазкур фаъолона иштирок намуда истодаанд.
746747Ба ғолибон дар маросими тантанавӣ Шоҳҷоиза - воситаи нақлиёти сабукрав, тӯҳфаҳои арзишнок ва маблағҳои пулӣ тақдим карда мешавад.
Айни замон мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ идома дошта, аз ҷараёни он иттиллоъ дода мешавад.

748




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика