Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ корманди ВКД соҳиби Шоҳҷоиза гардид

778Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар партави таҷлили Рӯзи байналмилалии футбол ва моҳвораи Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, шашка, шоҳмот, пойгаҳи аспдавонӣ ва гуштини миллӣ баргузор шуд.

750Ниҳоятан пас аз мусобиқаи пойгаҳи аспдавонӣ ҳамзамон мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, доираи васеъи намояндагони васоити ахбори омма ва варзишгарони ин риштаи варзиш аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларуссия бо теъдоди зиёди варзишгарони шинохта мухлисону ҳаводорони гуштини миллӣ доир гардид.
Инчунин дар ин мусобиқаи байналмилалӣ зиёда аз 70 нафар гӯштингирону паҳлавонони ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, 15 нафар аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, инчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз худ маҳорати баланди гӯштингирӣ нишон дода, дар қисмати зиёди сабқатҳо бар ҳарифони худ дастболо гардиданд.
751Аз ҷумла, дар сабқати гирифтани Шоҳҷоиза миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ рақобатҳо сурат гирифта, корманди шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Кӯлоб лейтенанти калони милитсия Бобоҷон Бобоев бо корманди КДАМ Лутфулло Сатторзода рақобат намуданд.
Дар ин сабқат лейтенанти калони милитсия Бобоҷон Бобоев аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо як чусту чолокӣ моҳирона бар рақиби худ ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрави «Мерседес-Бенс»-ро сазовор гардид.
752Ҳамзамон дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки варзишгарони номиву паҳлавонони ин соҳаи варзиш ҳастанд дар ин мусобиқаи байналмилвалӣ фаъолона иштирок намуданд.
753Инчунин дар ин мусобиқа варзишгари шинохтаи кишвар Шакармамад Мирмамадов бо варзишгари номдори Ҷумҳурии Узбекистон Шералӣ Ҷӯраев барои дарёфти Шоҳҷоиза бо ҳам сабқат намуда, бо ҳисоби мусовӣ рақобатро анҷом доданд.
Бояд қайд кард, ки дар ин гӯштини байналмилалӣ барои ғолибон Шоҳҷоиза автомашинаҳои сабукрав ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.
754Зикр кардан ба маврид аст, ки гӯштини тарзи озод, яке аз маъмултарин навъи варзиш буда, дар баробари варзишгарони номиву қаҳрамонони ин риштаи варзиш, ҳамзамон мухлисону ҳаводорони зиёдеро дорад.

 

755

756




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика