Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи даставии футбол бахшида ба Рӯзи ҷавонон

628Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи ҷавонон тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар самти тарғиби варзиш ва солимии ҷисмонии ҳайати шахсӣ мусобиқаи даставии футбол ташкил ва маросими оғозёбии он нимаи дуюми рӯзи 1 май баргузор гашт.629

Дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини якуми сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Раҳмон Давлатзода суханронӣ намуда, ташкилу баргузории онро омили муҳим дар нигоҳдории саломатӣ, зебогии тану ҷисм ва наздиксозии рафоқату дӯстӣ номид. Таъкид гардид, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо варзиш алоқамандӣ дошта, корманди рӯҳану ҷисман обутобёфта дар иҷрои рисолати касбӣ устувор ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо афроди ҷиноятпеша муваффақу комёб мебошад.
630Тавре аз кумитаи тадорукоти чорабинии варзишӣ иттилоъ доданд, баргузории мусобиқаи мазкур бо иштироки 14 даста аз ҳисоби шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷараён гирифта, ғолибон дар партави чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон қадршиносӣ мешаванд.
Мусобиқаи футбол таҳти назорати мураббиёни яке аз беҳтарин дастаҳои футзали ҷумҳурӣ «Сипар» дар майдончаи варзишии маҳаллаи 27-уми шаҳри Хуҷанд аз рӯи системаи даврӣ гузаронида мешавад.
Бозии дастаҳои Шуъбаи ташкилӣ-нозиротии РВКД дар вилояти Суғд ва Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ оғози мусобиқа гардида, ба пирӯзии дастаи ШБДА анҷом ёфт.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика