Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти динамочиёни наврас дар мусобиқаи байналмилалӣ

380

Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.381

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити бештари мусоид барои рушду пешрафти варзиш дар кишвари мо пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Инчунин, баҳри омодасозии варзишгарон дар сатқатҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар кишвар шароит муҳайё гардидааст. Ин аст, ки варзишгарони тоҷик ҳамеша дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ муваффақ мегарданд.
382Иштироки фаъоли футболбозони навраси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Тоҷикистон ва мушарраф гардидан ба зинаи дуюми мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.
Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасони солҳои таваллудашон 2014 бо иштироки 12 даста аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Футболбозони навраси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Тоҷикистон медалҳои нуқраи ин чорабинии варзишӣ соҳиб гардида, шарафи варзишии кишварро баланд бардоштанд.
Н. ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика