Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба гӯштини ҷудо

374

Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намуди гӯштини ҷудо миëни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, бо иштироки зиëда аз 50 нафар баргузор гардид.375

Нахуст намояндагони кумитаи тадорукоти мусобиқа иштирокчиён ва дар симои онҳо, тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро, ки муҳофизони тартибу низом, ҳомиёни ҳуқуқ ва посдорони суботу оромии кишвар мебошанд, ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтиву хонаободӣ ва дар ҷодаи кору фаъолияташон муваффақиятҳои нав ба нав таманно намуданд.
376Қайд гардид, ки боиси ифтихор аст, ки имрӯз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари кору фаъолият ва саҳмгузорӣ баҳри таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон дар мусобиқаҳои гуногун фаъолона ширкат меварзанд. Баргузории чунин мусобиқаҳо рӯҳияи онҳоро болида ва иродаашонро боз ҳам қавӣ мегардонанд.
Дар ҳисоби даставӣ мақоми 1-умро дастаи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, ҷойи 2-юмро тими Академияи ВКД ва зинаи сеюми мусобиқаро дастаи ШВКД дар шаҳри Ваҳдат соҳиб гардиданд.
Дар охир ғолибон ва ҷоизадорон бо Ҷом, медал, диплом, Ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Н. ҶОБИРОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика