Лейтенанти милитсия Маҳмадбеков Сомон Моёншоҳевич, дастурдеҳ оид ба гӯштини Ҷудои шуъбаи Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар вазни 81 кило) дар финали Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин пас аз се пирӯзӣ бар ҳарифонаш аз Фаластин, Қирғизистон ва Қазоқистон дар қисмати ниҳоӣ (финал)-и Бозиҳои Осиёӣ-2023 бо Ли Ҷеован, намояндаи Кореяи ҷанубӣ рақобат карда, ӯро шикаст дод ва соҳиби медали тилло гардид.
Мавриди қайд аст, ки Сомон Маҳмадбеков дар соҳаи варзиши ҷудо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, пайваста Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.
Чунончи, 4 марти соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии Ҷудо «Taskent Grand Slam 2023» баргузор гардид, ки дар вазни 81кг Сомон Маҳмадбеков ба гирифтани медали нуқра ноил гардид.
Инчунин, аз 2 то 4 июни соли 2023 мусобиқаи байналмилалӣ Гран-При оид ба гуштини Ҷудо дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид, ки дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 40 давлати дунё иштирок доштанд. Маҳмадбеков Сомон дар баробари 308 варзишгар дар вазни 81 кг дар ин мусобиқаи сатҳи баланд иштирок варзида, соҳиби чойи аввал ва медали тилло гардид.
Ба лейтенанти милитсия Сомон Маҳмадбеков дар ҷодаи варзиш ва фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳои беназир таманно дорем.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>