Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муайян шуданд

176

Дар партави чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ваҳдати миллӣ» байни шуъбаву хадамотҳои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки 16 даста барои дарёфти "Ҷоми сардори РВКД дар вилояти Суғд" мусобиқаи футболи хурд доир гардид. Ҳадафи мусобиқаи варзишӣ ҷалби ҳайати шахсӣ ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гуфта шуд, ки чун анъана ҳамасола ба муносибати ҷашнвораҳои миллӣ ва соҳавӣ баргузор мешавад.177
Мусобиқа дар ду майдончаи варзишии «Лочин»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби мураббиёни дастаи футзали «Сипар» ҷараён гирифт. Ҳамзамон масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар вилояти Суғд ва Шуъбаи кадрҳои Раёсат ҷиҳати ташкили сифатнокии мусобиқа вазифадор шудаанд. Дар ду зергуруҳ, ки ҳар кадом аз 8 даста иборат буд ҳамарӯза дастаҳо вориди майдони сабз гардида аз чор то шаш бозӣ ташкил мешуд. Мусобиқа аз рӯи реҷаи системаи даврӣ ҷараён гирифт.
178Ҳамин тавр чор дастаи беҳтарину муваффақи мусобиқа дастаҳои Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсат ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар натиҷа, дастаи Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ дастаи Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро бо ҳисоби 5-1 шикаст дода пайроҳаи худро ба давраи ниҳоӣ кушод. Бозии дастаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ дар даври асоси мусовӣ 2 бар 2 анҷом пазируфта барои муайян кардани ғолиб довари мусобиқа зарбаҳои 11 метра таъин намуд. Дар ин марҳилаи ҳассосу ҳалкунанда омади варзишӣ насиби футболбозони дастаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ гашт, ки дуюмин иштирокчии давраи ниҳоӣ шуданд.179
Бозии финалии мусобиқа байни дастаҳои Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳарчанд хубу шавқовар ҷараён гирифта бошад ҳам, дар ду давраи асосӣ бе гол хотима ёфт. Натиҷаи ҳалкунандаи мусобиқа бо таъин намудани зарбаҳои 11 метра муайян шуд. Ҳарчанд баробарии қувваҳо дар рафти задани ҷаримазарбаҳо ба назар мерасид аммо дар ниҳоят дастаи Шуъбаи кофтуковӣ чиноятӣ аз болои ҳариф бартарӣ нишон дода ғолиби мутлақи мусобиқа гашт. Зинаҳои баъдии ифтихориро дастаҳо ба таври зайл соҳиб шуданд. Дастаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷойи дуюм ва дастаи Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мақоми сеюмро ба номи худ сабт карда, ғолибони мусобиқа эътироф шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич иштирок намуда бори дигар аз мавқеи варзиш дар ҳаёти шахс, солимгардонии руҳу ҷисм, ташкили мусобиқаҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ёдоварӣ кард. Гуфта шуд, ки ҳар як мусобиқаи варзишӣ бояд ғолиб дошта бошад ва ғолибият насиби касе мешавад, ки дар ҳақиқат бо тамринҳои доимӣ ба мусобиқа омодагӣ мебинад.
Дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи роҳбарияти Раёсат ба ғолибон медалу Сипоснома ва Ҷоми мусобиқа супорида шуд. Ҳамчунин маҳорати варзишии аъзоёни дастаҳо дар алоҳидагӣ қадршиносӣ шуда ба дарвазабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар ва футболбози беҳтарин Сипосномаи сардори Раёсат ва туҳфа тақдим гардид.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика