Тавре ба ҳамагон маълум аст, варзиш дар ҳама давру замонҳо барои тандурустӣ, чолокиву далерӣ ва ҷасурии инсон омили асосӣ маҳсуб ёфта, дар ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим аҳамияти муҳим дорад.
Вобаста ба ин, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба масъалаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва омодагии рӯҳию равонии онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, тамоми шароитҳои зарурии барои ба варзиш машғул шудан ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои варзиширо муҳайё гардонидааст.Дар ин замина, бахшида ба рӯзи «Ваҳдати миллӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 19 ва 20-уми майи соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи машқӣ-таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе мусобиқаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба варзиши касбӣ-оташнишонӣ дар байни ҷузъу томҳои гарнизонҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ баргузор гардид.
Мусобиқаро бо суханони ифтитоҳӣ муовини аввали Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД палковники хизмати дохилӣ Маҳмудзода Маҳбуб кушода эълон намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки варзишгарони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар мусобиқаҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ ва миёни сохторҳои қудратии мамлакат, инчунин корхонаю ташкилотҳо фаъолона баромад намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар интиҳои баромади худ Маҳмудзода Маҳбуб ба ҳайати доварон шаффофияти рафти мусобиқа ва ба ҳамаи вазишгарон чусту чолокӣ ва сабқати ҷавонмардонаю ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтарини варзиширо таманно намуд.
Боиси тазаккур аст, ки дар мусобиқа 7 дастаи мунтахаби ҷузъу томҳои шаҳри Душанбе бо теъдоди 12 нафарӣ аз ноҳияҳои тобеи марказ аз ҷумла ҚММ СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҚМ-14 ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Ваҳдат, ҚМ-15 ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ҚМ-27 ҲХДО оид ба муҳофизати ноҳияи Шаҳринав, ҚМ-17 ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор, ҚМ-18 оид ба муҳофизати ҶСК «Ширкати алюминийи Тоҷик»-и шаҳри Турсунзода, курсантони Академияи ВКД ва курсантони «Коллеҷи техникии оташнишонӣ»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара» ширкат варзиданд.
Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи намудҳои:
- Баромадан бо зинапояи муҳорибавӣ ба ошёнаи 4-уми манораи таълимӣ бо 2 кӯшиш (дар ҳайати 5 нафар варзишгарон);
- Давидан ба масофаи 100 метр бо монеаҳояш (дар ҳайати 5 нафар варзишгарон);
- Густариши муҳорибавӣ (дар ҳайати 1 даста бо 7 нафар варзишгарон)
- Эстафетаи оташнишонӣ 4х100 метр (дар ҳайати 1 даста бо 4 нафар варзишгарон) байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Натиҷаҳои мусобиқа нишон дод, ки ҷойи якумро ҚМ-18 ҲХДО оид ба муҳофизати ҶСК «Ширкати алюминийи Тоҷик»-и шаҳри Турсунзода, ҷойи дуюмро ҚМ-27 ҲХДО оид ба ноҳияи Шаҳринав ва ҷойи сеюмро ҚМ-17 ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор ишғол намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ полковники милитися Ҷураев Ориф Олтинович барои ширкат дар мусобиқа ба варзишгарон изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар якҷоягӣ бо собиқадорони соҳа онҳоро бо Ҷому медал, Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.
Тавре дар боло қайд кардем, вобаста ба натиҷаҳои нишондодаи беҳтарин дар мусобиқа, аз ҳисоби варзигарон дастаи мунтахаби хадамот ташкил карда мешавад, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ давлату миллати моро муаррифӣ хоҳанд кард.
Билол Абдукаримзода
СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>