Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо мураббиёни мактабҳои варзиши шиноварӣ

20

8-уми апрели соли 2023 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, мураббиёни мактабҳои варзиши шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, бо онҳо вохӯрии судманд доир намуд.21
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода мураббиёнро барои такмил додани маҳорату малакаи касбии варзишгарони шиновар ва дар сатҳи баланд омода намудани онҳо ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи Фаронса – 2024, инчунин дигар мусобиқаҳои дарпешистодаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳидоят намуд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки варзишгарони шиновари кишварамон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ лоиқу сазовор баромад намуда, бо ишғоли мақомҳои ифтихорӣ номбардори Ватани хеш мегарданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки шиноварӣ яке аз намудҳои маҳбуби варзиш аст, ки дар баробари ба дастовардҳо ноил шудан, ҳамчунин ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика