Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи қобилияти ҷисмониву маънавии инсон мусоидат мекунад. Бинобар ин, имрӯз рушд ва пешрафти ҷаҳони муосир ба ду ҷанбаи асосӣ: яке ба илму техника ва технология, дигаре ба солимии афроди ҷомеа сахт марбут аст. Зеро, тани солиму ақли солим кори солимро анҷом медиҳад. Дар воқеъ, шахс тавоноии ҷисмониашро бо хирад пайваста, ҳамеша соҳиби обрӯву эҳтиром мегардад, ки намунаи пайравист.
Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ки самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва дар ин замина афзалиятнок ба шумор меравад, пешравиҳои зиёде ба вуқуъ омада, ба мардуми кишвар тамоми шароитҳоро барои тараққӣ додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муҳайё намудааст. Оре, миллате, ки варзишист-миллати солим аст ва саломатии миллат боигарии давлат маҳсуб меёбад.Дар робита ба ин, бо ибтикори Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ иншоотҳои зиёди варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар баробари гузаронидани машғулиятҳои ҷисмонӣ бо ҳайати шахсӣ, инчунин пайваста дар онҳо чорабиниҳои гуногуни варзишӣ низ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида мешаванд.
Аз ҷумла, дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он ҳам майдонҳову толорҳои варзишии замонавӣ барои ба варзиш машғул шудани кормандон бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё буда, мувофиқи фармоишу нақшаи чорабиниҳои варзишии тасдиқнамудаи сардори СХДО ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода мунтазам дар онҳо мусобиқаҳои бонуфузи мухталифи варзишӣ байни сохторҳои хадамот ва бо дигар хадамоту мақомотҳо дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, ҷиҳати ҳавасмандгардонии вазишгарон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар ин замина, бо мақсади тарғиби ҳаёти солим, ҷалби бештари кормандон ба намудҳои гуногуни варзиш ва муайян намудани варзишгарони болаёқат барои дастаи мунтахаби Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бахшида ба Иди байналмиллалии «Наврӯз-2023» дар варзишгоҳи машқи-таълимии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе 15-уми марти соли равон мусобиқаи шахсӣ-даставии СХДО ВКД оид ба «Бандкашӣ» байни дастаҳои ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид.
Мусобиқаро бо суханони ифтитоҳи ёрдамчии сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ полковники милитсия Аслиддин Шоҳиён кушода эълон намуда, ба ҳамаи варзишгарон комёбиҳои назарраси варзиширо таманно намуд.
Дар мусобиқаи намуди «Бандкашӣ» 16 дастаи варзишгарони Хадамоти давлатии оташнишонӣ байни худ қувваозмоӣ намуданд. Тавре саркотиби мусобиқа-муҳандиси калони Шуъбаи хизмат ва омодагии СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники хизмати дохилӣ Шарифзода Шариф Мирсаид иттилоъ дод, мусобиқаи шахсӣ-даставии мазкур мутобиқи қоидаҳои Федератсияи байналмиллалии TWIF (бо анъанаҳои миллӣ) таври олимпӣ яъне хориҷ шудан баъди бохт, гузаронида мешаванд. Ҳайати дастаҳо аз 6 нафар варзишгар ва 1 нафар мураббӣ иборат мебошанд. Дастаҳои варзишгарон мувофиқи қуръапартои бо якдигар рақобат карданд ки ғолибони мусобиқа бошанд, аз рӯи шумораи зиёди ғолибият муайян карда шуд. Ҷойи аввал
Бисёр ҳам ҷолиб ҷараён гирифтани рақобат байни дастаҳои варзишӣ ҳайати доварону мухлисони ин намуди варзиш ва тамошобинонро хеле шоду хурсанд намуда, аз тайёрии ҷиддӣ дидани дастаҳои варзишшӣ ба мусобиқаи ҷашнӣ шаҳодат медод.
Сардовари мусобиқа-сардори Шуъбаи хизмат ва омодагии Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Давлатмурод Сангов натиҷаҳои чорабинии варзиширо ҷамъбаст намуда иброз намуд, ки ҷойи аввалро
ба дастаи ҚМ-13 ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Турсунзода, ҷойи дуюм ба дастаи РХДО-и шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюм ба дастаи ҚМ-2 ҲХДО оид ба муҳофизати ноҳияи Фирдавсӣ ишғол намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ёрдамчии сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ полковники милитсия Аслиддин Шоҳиён ба ғолибони мусобиқа Ҷому Диплом ва Ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, барои иштироки фаъолона ва омодагии хубашон ба чорабинии варзишӣ изҳори сипосу минатдории самимӣ баён намуд.
Воқеанҳам, саломатӣ барои ҳар як инсон ва ҷомеа беҳтарин неъмат ба шумор меравад, агар тарзи ҳаёти солим ба ҳар хонадон наздик бошад, бешубҳа онҳоро аз амалҳои зишту ношоям дур ва дар байни ҷомеа сарбаланду накӯном мегардонад. Зеро, руҳи солим дар ҷисми солим буда метавонад.
Билол Абдукаримзода, корманди СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>