Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Футболбозони беҳтарин соҳиби Ҷом шуданд

0001

7-уми марти соли 2023 дар толори варзишии Шӯрои ҷиумҳуриявии "Динамо"-и ВКД маросими ҷамъбастии мусобиқаҳои кушод аз намуди футболи хурд, гӯштини ДЗЮ-ДО, шашка ва шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ" бахшида ба 30 солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.0002
Бояд ёдовар шуд, ки мусобиқаи мазкур аз 6 феврал то 7 март идома ёфт, ки дар он футболбозон ба ду гурӯҳ - ҷавонон ва собиқадорон дар маҷмӯъ 32 даста ба ҳам рақобат карданд.
0003Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд миёни ҷавонон ҷойи аввалро дастаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардида "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ"-ро ба даст оварданд. Зинаи дуюм ба дастаи "Динамо"-и ВКД ва ҷойи сеюм бошад насиби дастаи 1M GROUP гардид.
Дар ин намуд, инчунин миёни собиқадорон ҷойи аввалро дастаи "Вавилон", ҷойи дуюм ба дастаи Фирдавс-40 ва дар ҷойи сеюм тими "Испечак" қарор гирифт.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ғолибони мусобиқаи футболи хурд ва варзишгарон аз номи Вазири корҳои дохилӣ бо Ҷом, медал ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика