Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои варзишӣ ба муносибати «Рӯзи Модар»

IMG 1123

Бо ташаббуси сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич бахшида ба «Рӯзи Модар» дар толори варзишии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намудҳои тениси рӯйи миз ва шашка байни корманд-занони мақомот баргузор гардид.
Ташкил ва гузаронидани мусобиқаи варзиширо масъулини Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати мазкур ва кормандони Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД дар минтақаи Суғд ба зимма доштанд.IMG 1125
Дар маросими кушодашавии мусобиқа рӯзи 4 март роҳбарияти Раёсат ба иштирокчиёни мусобиқа нишондиҳандаҳои хуби варзишӣ таманно намуда, мақсади чорабинии варзиширо пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба бузургии Зан-Модар, эҳтиром ба ҷинси латиф ва байни бонувон тарғиби дӯстдории варзиш, ки ҳифзкунандаи саломатӣ ва бақои умри инсон аст, унвон карданд.
IMG 1128Тениси рӯи миз бо иштироки 14 нафар бо сабқат дар ду мизи тенисбозӣ, мусобиқаи шашка бо ҳузури 18 нафар корманд-занони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар вилояти Суғд, ки қобилият ва таҷрибаи бозӣ дар ин намудҳои варзиш доштанд, ҷараён гирифт.
Мусобиқаҳо аз рӯи намуди олимпӣ таҳти назорати масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД бо доварии устодони варзиш ва мураббиёни соҳа сурат гирифта ҳар нафари аз ҳарифи худ шикастхӯрда аз идома додани бозӣ маҳрум мегардид.
Ҳамин тавр, дар намуди тенис бо нишон додани маҳорати хуби тенисбозӣ подполковники милитсия Воҳидзода Моҳрӯ Абдуғаффор - ваколатдори оперативии Раёсати мазкур ғолиби мусобиқа ва сазовори ҷойи аввал гашт. Мақоми дуюмро капитани милитсия Мутриба Раҳмонова корманди Шуъбаи молиявӣ-иқтисодӣ ва ҷойи сеюмро лейтенанти калони милитсия Мадина Негматзода корманди Маркази иттилоотии Раёсат ишғол намуданд.IMG 1132
Дар намуди бозии зеҳнии шашка низ ҷоизадорони мусобиқа муайян шуданд. Маҳорати инфиродии лейтенанти милитсия Дилноза Ғафурӣ нозири Шуъбаи нозиротӣ-ташкилӣ имкон дод, ӯ нисбати дигарон бартарият нишон дода мақоми ифтихорӣ - ҷойи якумро гирад. Майорони милитсия Матлуба Азизбоева ва Назармо Мамадамонзода кормандони Маркази иттилоотии Раёсат мутаносибан зинаҳои дуюм ва сеюмро сазовор гаштанд.
Тавре аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ иттилоъ доданд ғолибони мусобиқа дар рафти чорабинии тантанавии идона ба муносибати «Рӯзи Модар», ки дар Раёсат ҷашн гирифта мешавад бо туҳфаҳо қадршиносӣ мегарданд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика