"Варзиши сабук шоҳи тамоми варзишҳои рӯйи олам аст, зеро барои тамоми варзишгарон машқу тамрин маҳз аз дав шурӯъ мешавад". Ин ҳарфҳои заррину таърихиро варзишгари номдору шуҳратёр, устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Шайдулло Исоев гуфтааст. Ин аст, ки ба хотири гиромидошти хизматҳои шодравон ҳамасола мусобиқа доир карда мешавад.
Ин навбат низ, тибқи нақшаи чорабиниҳои оммавӣ-варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26-уми ноябр дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт бо иштироки варзишгарони касбӣ барои дарёфти Ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шайдулло Исоев мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи варзиши сабук баргузор гардид.
Ғолибон дар масофаҳои гуногун миёни наврасону ҷавонон, варзишгарони касбӣ ва собиқадорон муайян ва аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо медалу диплом сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин сабқат, узви Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД, командири взводи Баталиони милитсияи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД капитани милитсия Сафархон Абдуллозода фаъолона иштирок намуда, миёни ҷавонон дар масофаи 12 километр ҷойи сеюмро ба даст оварда, бо Диплом ва медал сарфароз гардонида шуд.
Боиси зикри хос аст, ки ин муваффақияти аввалини Сафархон Абдуллозода набуда, ӯ барои иштироки фаъолона дар баргузории XII-умин Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки бахшида ба Рӯзи пойтахт доир гардид ва дар Дави миллӣ, ки санаи 15-уми майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд, бо Диплом ва медал қадрдонӣ гашт.
Ҳамзамон, қаҳрамони матлаби мо 14-уми марти соли 2020 дар дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ ва 16-уми майи соли 2021 дар Рӯзи дави миллӣ ҷойҳои сеюмро соҳиб гардид.
Номбурда капитани тими футболи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД буда, ин даста дар мусобиқаи футболи хурд миёни ҳайати шахсии сарраёсату раёсатҳо ва шуъбаву дигар ҷузъу томҳои ВКД бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ" мақоми якумро соҳиб гардид. Худи Сафархон Абдуллозода, инчунин "Нишонзани беҳтарин" дониста шуда, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сипоснома ва медалу туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуд.
Ҳамин тавр, ӯ пай дар пай дар мусобиқаҳои дав ва чорабиниҳои сиёсӣ-варзишӣ фаъолона иштирок намуда, мақоми намоёнро соҳиб мешавад.
- Ман фарзанди собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, майори мустаъфии хизмати дохилӣ Абдусалом Абдуллоев мебошам. Падарам солиёни зиёд дар ҷузъу томҳои ВКД кору фаъолият намуда, то ба зинаи роҳбари Қисми мустақили оташнишонии ноҳияи Муъминобод кор кардааст. Алъон дар нафақа мебошад. Ман аз хурдӣ падарро бо либоси низомӣ дида, ҳавасам ба ин касб ва сохтор бештар мешуд. Қиблагоҳам ба ман маслиҳат медод, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ бояд ҳаматарафа обутобёфта ва чусту чолок бошад. Аз ин рӯ, ман аз хурдӣ ҳамарӯза ба варзиши сабук, аз ҷумла дав ва бозии футбол машғул мегардидам, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Барояш иштирок дар XII-умин Ниммарафони байналмилалии Душанбе бештар хотирмон аст, зеро ӯ дар ин мусобиқа масофаи 22 километрро тай намудааст.
Сафархон Абдуллозода тӯли 9 сол мешавад, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дорад ва аз касби интихобнамудааш розист.
Лозим ба ёдоварист, ки варзиши сабук - як намуди варзишест, ки ба он машқҳои давидан, ҷаҳидан, партофтан ва ғайра дохил мешаванд. Варзиши сабук шахсро чусту чолок, ҷасуру моҳир, тавонову бақувват мегардонад ва барои саломатӣ, дуруст инкишоф ёфтани ӯ таъсири калон дорад. Варзиши сабук дорои намудҳои мухталиф (давидан ба масофаҳои гуногун, ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ, найзапартоӣ, гурзпартоӣ, бисёрҳарба ва ғайра) буда, аксари онҳо шакли оммавӣ гирифтаанд ва ба барномаҳои бозиҳои олимпию мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дохил карда шудаанд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир кардани Рӯзи дави миллӣ 28 марти соли 2007, таҳти №225 ба тасвиб расида, аввалин Дави миллӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2007 доир гардид.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ таъмини оммавияти варзиш байни сокинон новобаста ба синну сол, саломатии аҳолӣ ва рушди варзиш мебошад.
Чун анъана иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе дар масири маҳаллаи "Чорбоғ-Наврӯзгоҳ" доир мегардад.
Иштирокчиёни Дави миллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушди ҷомеаи солиму адолатпарвар, тарбияи тафаккури созандаю бунёдкор ва бедорию афзоиши ифтихори миллӣ ва худогоҳию худшиносӣ равона гардидааст, баҳри амалӣ шудани нияту нақшаҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талоши зиёд ба харҷ медиҳанд.
Наврӯз Ҷобиров
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>