Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии варзишӣ дар Осоишгоҳи ВКД дар ноҳияи Рашт

 viber_2022-08-13_08-59-38-79311-уми августи соли 2022 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқ кардашуда аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва бо ташаббуси Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон, садоқат ба Ватан ва пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни наврасону ҷавонон дар Осоишгоҳи ВКД дар ноҳияи Рашт дар байни кормандони раёсат ва шуъбаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои истироҳат аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташриф овардаанд, чорабинии варзишӣ, аз ҷумла бозиҳои футбол, волейбол ва тениси рӯи миз, баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаҳо наврасону ҷавонон бо шавқу завқи зиёд ба рақобат пардохта, барои ишғол намудани ҷойҳои намоён ҷаҳду талош намуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ бозингарони беҳтарин бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 viber_2022-08-13_08-58-01-342

 viber_2022-08-13_08-58-28-868


Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика