Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Қӯшунҳои дохилии ВКД»

0-02-0a-647895267f5d189afb4b48879ef490be118bbf4355dc8cfa3948fcaa52e24a69 f2dbc7c28b2c1caa

4-уми августи соли 2022, бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ байни Сарраёсат ва раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз намудҳои футболи хурд, волейбол ва гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми Қӯшунҳои дохилии ВКД» оғоз гардид.

Пеш аз шурӯи рақобатҳо маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои мазкур доир гардида, роҳбарияти Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД зимни суханронӣ аз саҳми назарраси сарбозону афсарон барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сохти конститутсионӣ таъкид намуданд.
Мақсади баргузории мусобиқаи мазкур такмили минбаъдаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ, ҷалби кормандон ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим маҳсуб меёбад.
Баъди иҷрои зиндаи Суруди миллӣ мусобиқа расман кушода эълон карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар рӯзи аввали мусобиқа дар майдончаҳои хурди қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тимҳо бозиҳои аввали худро доир карданд. Инро бояд зикр намоем, ки майдончаҳои бозӣ хеле бо сифати баланд сохта шуда, барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногун мусоид мебошанд. Албатта, ин пеш аз ҳама аз дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи ҷиддии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қисмҳои ҳарбӣ ва кулли Раёсати Қушунҳои дохилии ВКД, ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим дарак медиҳад.
Рақобатҳо аз рӯи футболи хурд ба таври даврӣ гузаронида мешаванд ва дастаҳо миёни ҳам дар ду қисм 25 дақиқагӣ бозӣ хоҳанд кард. Албатта мусобиқа тибқи қоидаҳои ИФА гузаронида мешавад. Аллакай ҳамаи дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим карда шудаанд ва баъди доир кардани бозиҳои гурӯҳӣ ду дастаи бартари гурӯҳ ба марҳилаи финалӣ мебарояд.
Дар даври дуюм мусобиқа ба таври олимпӣ гузаронида шуда, яъне дар ҳолати мусовӣ анҷом ёфтани бозӣ 3 зарбаи 6-метра таъйин карда мешавад. Мусобиқаҳои дигари ба нақша гирифта шуда ҳам, тибқи қонуну қоидаҳои байналмилалӣ баргузор хоҳанд шуд.
Тавре дар боло зикр кардем, ҳадафи баргузории мусобиқа ин такмили минбаъдаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ, ҷалби ҳарчи бештари кормандон ба машғулитяҳои варзишӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани саломатии онҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳамчунин рушду тарғиби варзиши футбол, волейбол ва гуштини миллӣ дар миёни кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор меравад.
Рақобатҳо дар доираи мусобиқоти мазкур то 6-уми сентябр идома ёфта, ба ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷом, медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегардад.

 viber_2022-08-05_20-04-35-748

 viber_2022-08-05_20-05-32-122

 viber_2022-08-05_20-04-36-669

Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика