Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи кушоди варзишӣ бахшида ба ҷашни Истиқлол

1510

4-уми сентябри соли 2021 дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ Мусобиқаи кушоди варзишии «Бандкашӣ» байни наврасону ҷавонон бахшида ба ҷашни «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳти шиори «Варзиш бар зидди нашъмандӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим!» Бо дастгирии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 70 нафар варзишгар аз намудҳои мухталифи варзиш, 10 даста ва зиёда аз 300 нафар тамошобин ширкат варзиданд.
Ҷойи аввалро дастаи Тэеквандончиёни «Динамо», ҷойи дуюм дастаи «Фаровон» ва ҷойи сеюмро гӯштингирони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ишғол намуданд.

15111512

Ғолибон ва ҷоизадорони ин мусобиқа аз ҷониби аъзои тадорукот бо Сипоснома, Ифтихорнома, Диплом, Ҷом, медал ва тӯфаҳои хотиравӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика