Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хотирмон анҷом ёфтани чорабинии истироҳатию фарҳангӣ

1842

Чи тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, бо мақсади дастгирии иҷтимоию маънавии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 100 нафар кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тайи як ҳафта, аз 28 июл то 4 августи соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳи Обшорони Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба истироҳату фароғат ҷалб шуда буданд.
Дар ин рӯзҳо, истироҳаткунандагон аз шароитҳои хуби муҳайёгардида, аз ҷумла аз имкониятҳои табобатию солимгардонии истироҳатгоҳ, варзишию фарҳангӣ самаранок истифода бурда, ҳамзамон аз мавзеҳои таърихию сайёҳии вилояти Суғд: шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан дидан намуданд.
Дар ин рӯзҳои истироҳатӣ, ҳамчунин аз ҷониби Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва Шӯрои Ҷумҳуриявии "Динамо" байни истироҳаткунандагон мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, волейбол, варзиши сабук, бандкашӣ, турниккашӣ, қаду рост кардани дастон, шашкаю шоҳмот дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд. Ҳамчунин, ҳамарӯза ҳар субҳ бо иштироки тамоми ҳайати шахсӣ машқҳои пагоҳирӯзии солимгардонӣ ва барои кормандони ҷавон дарсҳои худмуҳофизатӣ бе силоҳ гузаронида шуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони чорабиниҳои варзишӣ аз номи роҳбарияти Вазорат бо мукофотҳо, аз қабили Ҷом, медалу ифтихорнома, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

1843184418451835183418331837

Истироҳату фароғати иштироҳаткунандагон хеле хубу хотирмон гузашта, кормандон дар навбати худ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои пайвастаи ҳайати шахсӣ, беҳбудгардонии шароитҳои иҷтимоии онҳо изҳори миннатдорӣ намуданд.

Воқеан, табиати Тоҷикистон хеле зебою мафтункунанда аст, иқлими мусоиду боду ҳавои он ба саломатии инсон фоидабахш аст. Ноҳияи Шаҳристон, низ аз минтақаҳои хушманзараи диёрамон ба ҳисоб рафта, бо қӯҳҳои сарбафалаку арчазори хос ва чашмаҳои гуворояш фарқкунанда аст.

Х. Солиҳов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика