Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Динамочиён дар сабқати Осиё дастболо шуданд

1753

 

Рӯзҳои 4-6-уми июн дар Мусобиқаи кушоди Осиё оид ба самбо байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон - шаҳри Тошканд гузаронида шуд, варзишгарони тоҷик низ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Дар ин сабқати сатҳи байналмилалӣ варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Эрон, Ироқ, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо дар ҳайати 45 нафар (22 нафар калонсолон, 10 нафар ҷавонон ва 13 нафар наврасон) ба Тошканд сафарбар гардида, аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори 22 медал - 4 тилло, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ шуданд.
Аз ҷумла, аъзои дастаи «Динамо»-и ВКД низ дар ин мусобиқа ширкат варзида, 8 мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Динамочиён Фирдавс Насимов дар вазни 98кг миёни калонсолон, Субҳиддин Халилзода дар вазни 71кг, Бахтовар Бобохонов дар вазни 98кг миёни ҷавонон, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни 88кг миёни наврасон медали нуқраро соҳиб гардиданд.
Медалҳои биринҷӣ ба динамочиёни дигар Хуршед Маҷидов дар вазни зиёда аз 98кг миёни калонсолон, Ҷаҳонгир Камолов дар вазни 64кг ва Давлатҷон Назриев дар вазни беш аз 98кг миёни ҷавонон ва Сорбон Латифов дар вазни 64кг дар самбои размӣ насиб гардид.
Қобили зикр аст, ки варзишгарони аъзои «Динамо» дар риштаи гӯштини самбо таҳти роҳнамоии мураббиёни таҷрибадор Хайрулло ва Зариф Назриевҳо ва Иззат Худоиев пайваста ба машқу тамрин машғул гардида, дар чандин чорабиниҳои варзишӣ ғолибият ба даст оварда, имрӯзҳо ба мусобиқаҳои дарпешистода омодагии ҷиддӣ мебинанд.

17541755

 

Самбо ягона варзиши эътирофшудаи байналмилалӣ мебошад, ки босуръат рушд меёбад. Асоси самборо маҷмӯи усулҳои таъсирбахши мудофиа ва ҳамла ташкил медиҳад, ки аз намудҳои гуногуни санъати ҳарбӣ ва гӯштини миллии бисёр халқҳои ҷаҳон интихоб гардидааст.

Наврӯз ҶОБИРОВ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика