Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рашт

1750

Рӯзҳои 14-15-уми июни соли 2021 аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, дар ноҳияи мазкур мусобиқаи гӯштини миллӣ байни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он варзишгарон аз раёсату шуъба ва дигар ҷузъу томҳои ВКД иштирок намуданд.

Мусобиқаи варзиширо сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмасаид Борон оғоз намуда ба варзишгарон барору кимёбиҳо таманно намуд.
Ҳамзамон мусобиқаро доварони пуртаҷриба доварӣ намуда, ба ҳунарнамоии варзишгарон аъзои ҳакамон тибқи қоидаҳои байналмилалии ин намуди варзиш баҳогузорӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин як мусобиқаи ҷолиб омода намудани варзишгарони ҳирфаӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дарёфти чеҳраҳои нав миёни варзишгарони лаёқатманд, ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстию рафиқӣ байни варзишгарон мебошад.

17511752

Дар охир, ба ғолибони мусобиқа дар фазои тантанавӣ медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳакимҷон Назарзода, аз ноҳияи Рашт




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика