Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ

1734

Дар мавзеи зебоманзари ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) рӯзи 6-уми июни соли 2021 бо дастгирии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони зиёд аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво мухлисон ва тамошобинони зиёд барои тамошои ҷараёни мусобиқа ҷамъ омада буданд.
Ба ғолибон дар маросими тантанавӣ тӯҳфаҳои қимматнок, аз қабили телевизор, барзагов, гӯсфанд, дучарха, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, дарзмол, тафдони барқӣ, қолин, маблағҳои пулӣ ва дигар тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Дар байни паҳлавонони ғолиб аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ Назриев Шарифҷон, Назриев Саидислом, Абдуалимов Сафар ва Шошоев бо маҳорати баланди худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

1735173617371738

Қобили зикр аст, ки дар баргузории мусобиқаи мазкур саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ноҳияи Ванҷ назаррас буд.

Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика