Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозиҳои варзишӣ аз намуди гуштини миллӣ ва волейбол дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ

1731

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯзҳо дар ВМКБ бахшида ба ҷашни Ваҳдати комили миллӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозиҳои варзишӣ аз намуди гуштини миллӣ ва волейбол бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо мақсади тарғиби ташаккули тарзи хаёти солим, дӯстии ҷавонон ва рушди гуштини миллӣ ва бозиҳои варзишӣ баргузор гардид, ки дар мусобиқа беҳтарин гуштингирон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар чорабинии варзишӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, муовини раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода, раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабинии варзиширо раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим оғоз бахшида, зимни баромад аз дастовардҳои даврони Истиқлолият дар ВМКБ, хусусан ноҳияи Ванҷ ва ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ сухан намуд.
Қайд дошт, ки иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва пирӯзии онҳо бори дигар собит менамояд, ки дар Тоҷикистон соҳаи варзиш таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯъ ёфта, ба соҳаи варзиш ва ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида истодааст ва дар фарҷоми баромад аз номи сокинони ноҳияи Ванҷи ВМКБ миннатдории самимии худро барои дастгирӣ, иқдоми баланд, ба Вазири корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баён намуд.
Дар идомаи мусобиқаи варзишӣ сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод аз сулҳу суботи кишвар, ҷашну идҳо ва чорабиниҳои муҳими сиёсии дар пешистода, таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, варзишгарон ва иштирокчиёни мусобиқаи гуштини миллиро аз номи Вазири корхои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои пирӯзӣ ва гирифтани ҷойҳои намоён дар мусобиқаи гуштини миллӣ самимона табрик намуд.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ, ки маҳз бо ғамхорихои давлату Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ мегараданд, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ-экстремистӣ, рушд ва тарғиби варзиш дар байни ҷавонони ВМКБ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маҳрифатнокии ҷавонон, дӯстӣ байни ҷавонон ва мустаҳкам намудани тайёрии ҷисмонии ҷавонон мебошад.
Дар чорабинӣ хамчунин аз ҷониби бонувон таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастӣ ба маърази тамошои иштирокчиёни мусобиқаи варзишӣ намоиш дода шуд.
Мусобиқаи варзишӣ аз намуди гуштини миллӣ бо нишон додани чорабинии фарҳангӣ ҳусни оғоз гирифт ва намоиши беҳтарини консертӣ ба иштирокдорони чорабинии варзишӣ намоиш дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки гуштини миллӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз миёни наврасон шурӯъ гардида, дар идомаи мусобиқаи варзишӣ то вазни 100 кг миёни варзишгарони синну соли гуногун, ки аз худ маҳорати баланди варзиширо ба иштирокдорон ва меҳмонони ин мусобиқаи варзишӣ иштирок доштанд нишон доданд. Сокинони ноҳияи Ванҷ барои дастгирӣ ва ташкили мусобиқаҳои варзишӣ миннатдории самимии худро ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

17321733

Ба ҷавонпаҳлавонон, собиқадорони варзиш ва беҳтарин варзишгарони гуштини миллӣ ва дастаи беҳтарини волейболбозон аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аз ҷониби сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод тӯҳфаҳои арзишнок, маблағи пулӣ ва чорво тақдим карда шуд.

Далер Чоршанбе, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика