Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои хуби футболбозони дастаи «Динамо» дар мусобиқа барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»

1668

Дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дастаҳои футболи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ иштироки фаъолона намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Мусобиқаи мазкур дар майдончаҳои варзишии варзишгоҳи «Марказӣ»-и ш.Душанбе аз 10-уми март то 17-уми апрели соли 2021 идома ёфта, динамочиён дар ду гурӯҳи синну солии мусобиқа ширкат варзиданд.
Дар давраи ниҳоии мусобиқаи байни собиқадорон футболбозони дастаи «Динамо» аз дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шикаст хӯрда, дар мақоми дуюм ҷой гирифтанд. Дар ин сабқат дастаи Ҳукумати шаҳри Душанбе сазовори мақоми сеюм гардид. Ҳамчунин, варзишгари дастаи «Динамо» Баҳодур Холиқзода футболбози беҳтарини ин мусобиқа дониста шуд.
Дар мусобиқаи футболи хурд байни ҷавонон бошад, дастаи «Рахш-таксӣ» ҷойи аввал, дастаи «Вавилон» ҷойи дуюм ва дастаи «Динамо» зинаи сеюмро ишғол намуданд.

166916701671

Ба дастаҳои ғолиб ва футболбозони беҳтарин аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ Ҷом, диплом, медалу Ифтихорномаҳои дараҷавӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика