Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи Донишгоҳи технологӣ ғолиби мусобиқаи волейбол гардид

1062

Аз 7-ум то 12-уми апрели соли 2021 дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи мусобиқаи кушоди варзишӣ, мусобиқаи волейбол байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дошт.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии волейбол гузаронида шуда, дар он 12 даста дар ду гурӯҳ қувваозмоӣ доштанд.
Рӯзи 12-уми апрел, даврҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии мусобиқаи мазкур доир гардиданд. Дар ин рӯз, дастаҳои Вазорати мудофиа ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам рақобат намуда, волейболбозони дастаи Вазорати мудофиа бо ҳисоби 3:0 дастболо гардида, ҷойи сеюмро ишғол намуд.
Дар даври ниҳоӣ бошад, бозингарони ду дастаи нисбатан пурқуввати мусобиқа Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ба ҳам омаданд. Ҳар ду даста ҳам хеле бозиҳои хуб нишон доданд. Дар давоми 5 даври бозӣ афзалият ба ин ва ё он даста мегузашт. Танҳо дар даври охир, волейболбозони Донишгоҳи технологӣ бо ҳисоби 16:4 ғалаба ба даст оварда (ҳисоби умумӣ 3:2), тавонистанд, барандаи Ҷоми мусобиқа гарданд.

1063106410651066

Мукофотҳоро ба ғолибони мусобиқа муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, собиқадори соҳаи варзиши волейбол Нур Одинаев ва дигар шахсони расмӣ супориданд.

Х. Солиҳов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика