Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳорати баланди таэквондочиёни наврас дар мусобиқаи кушод

03

Дар мусобиқаи кушоди мактабӣ оид ба таэквондо (WTF) бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз, ки 28-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе байни наврасону кӯдакони ҷумҳурӣ доир гардид, таэквондочиёни навраси аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона ширкат варзида, ба ишғоли якчанд ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Дар сабқати миёни кӯдакон, дар вазни 26 кило Муҳаммадсолеҳ Ғиёсов ҷойи аввалро соҳиб гашта, Юнус Фахриддинов дар вазни 29 кило, Муҳаммадрасул Собиров дар вазни 32 кило ва Субҳони Султон дар вазни 33 кило мақомҳои сеюмро ба даст оварданд.
Ҳамчунин, дар байни наврасон динамочиён Аъзам Отабуллоев дар вазни 49 кило ва Шералӣ Қарабоев дар вазни беш аз 49 кило зинаи аввали мусобиқаро ишғол намуда, Анушервон Мусоев дар вазни 37 кило ба гирифтани ҷойи дуюм шарафёб гашт.
Ғолибон бо медалу Ифтихорномаҳои дараҷавӣ сафароз гардонида шуданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика