Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ байни донишҷӯёни коллеҷҳо

1033

Рӯзи 3-юми апрели соли 2021 бахшида ба истиқболи ҷашни «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки намояндагони ҳар ду вазорат, ҳайати сарбозону афсарони қисми низомии 3502, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ - ватандӯстӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур донишҷӯёни Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб, Коллеҷи техникӣ-оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар ноҳияи Данғара, Коллеҷи техникӣ-технологии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Шуъбаи таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон аз рӯйи 9 намуди сабқат: ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани автомати Калашников, ҳаво додани норинҷак, гуштини миллӣ, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, вазнбардорӣ, қаду рост кардани дастон ва эстафетаи даставӣ миёни ҳам рақобат намуданд.

103410351036103710381039

Қабл аз баргузории қисмати асосии чорабинӣ, меҳмонон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо шароити хизмати аскарону афсарони қисми низомии 3502 Раёсати қӯшунҳои дохилӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Онҳо аз ҷойи хоби сарбозон, ошхона, ҷойи машқу тамрину хизматбарӣ, ҷойи баргузории касбу ҳунаромӯзӣ ва дигар шароити моддӣ-маишии ҳомиёни Ватан дидан намуданд.
Дар маросими кушодашавии чорабинии маърифатӣ-варзишӣ сардори Раёсати таълими ибтидоӣ ва миёнаи махсуси Вазорати маориф ва илми кишвар Ҳакимҷон Вализода, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён, муовини фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилӣ полковник Носир Иброҳимзода суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ-ҳарбӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омода намудани донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ, шиносоӣ ва истифодаи дурусти силоҳу аслиҳаи ҳарбӣ, омодагӣ ба ҳифзу дифои Ватан, тарғиби варзиш ҳамчун гарави саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Боварӣ аст, чунин чорабиниҳои муштарак минбаъд низ роҳандозӣ гардида, он дар сатҳи боз ҳам баландтар баргузор карда хоҳанд шуд.
Мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ – ватандӯстӣ хеле ҷолибу дар сатҳи баланд доир гардиданд. Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати иштирок дар сабқат аз ҳар як коллеҷи зикргардида 1 нафарӣ дар намуди алоҳидаи сабқати варзишӣ пешбарӣ шуда, дар сабқати даставӣ тамоми иштирокчиён қувваозмоӣ намуданд.

1040

Маҳорату малакаи варзишӣ, омодагии ҷисмонии иштирокчиёнро ҳайати доварон ва хулосаи комиссияи ташкилшуда одилона баҳогузорӣ карда, дар натиҷаи қувваозмоиҳо Коллеҷи техникӣ-оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар ноҳияи Данғара ҷойи якум, Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб ҷойи дуюм, Коллеҷи техникӣ-технологии назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюм ва Шуъбаи таълимии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷойи чорумро ба даст оварданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли сабқатҳо бо Ҷому диплом, медалу Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика