Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи тенниси рӯи миз байни бонувон

1014

4-уми марти соли 2021, дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба таҷлили иди «Рӯзи Модар» мусобиқаи шахсӣ-даставӣ аз намуди тенниси рӯи миз байни корманд-занони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқа бонувони варзишгари сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД дар шаҳри Душанбе ширкат варзида, дар ду гурӯҳи синну сол: то 35-сола ва аз 35-сола боло маҳорати теннисбозии худро санҷиданд.
Дар маросими кушодашавии чорабинӣ сардори Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Нуриддин Пирумшозода суханронӣ намуда, нахуст тамоми корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ ва дар симои онҳо тамоми занону модарони азизи кишварамонро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо фарорасии фасли баҳор ва иди «Рӯзи модар» табрику таҳният гуфта, ба онҳо бурдборию муваффақиятҳои беназир, тансиҳатию хонаободӣ, бахту саодат таманно намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боло бурдани мавқеи занон ва саҳми онҳо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимод гузошт. Дар мушкилтарин моҳҳову солҳо занон исбот намуданд, ки онҳо низ метавонанд дар баробари мардон дар ҳифзи марзу бум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сафи пеш қарор гиранд. Шаҳодати ин гуфтаҳоро теъдоди зиёди занон, ки тӯли солиёни зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии мамлакат, алалхусус дар мақомоти корҳои дохилӣ хизмат мекунанд, собит менамояд. Воқеан нақши зан ҳамчун модар, тарбиятгар, ғамхору мададгор, ҳунарманду ҳунаромӯз, ободкору зебопараст ва олиҳаи ҳусн дар рӯзгори мо бениҳоят калон аст.

101510161017

Пас аз садои додани Суруди миллӣ мусобиқаҳо оғоз ёфтанд. Мусобиқа бо тартиби системаи қоидаҳои байналмилалии Федератсияи байналмилалии «ITTF» гузаронида шуда, шумораи варзишгарони хоҳишманд хеле зиёд буданд. Даври ниҳоии бозиҳо хеле шавқовару ҷолиб гузашт. Дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ғолибони мусобиқа низ дар охир муайян гардиданд.
Ҳамин тавр, дар гурӯҳи байни кормандони ҷавони синну соли то 35-сола мақоми аввалро Бибиҳамро Уроқова намояндаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорат, мақоми дуюмро Тахмина Ализода корманди шуъбаи Дастгоҳи марказии Вазорат ва ҷойи сеюмро Интизор Фатҳуллоева аз дастаи Академияи ВКД ишғол намуданд.
Дар гурӯҳи корманд-занони аз 35-сола боло ҷойҳои якуму дуюмро Заррина Маҳмадназарова ва Наталя Манская ҳар ду ҳам кормандони шуъбаи Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ соҳиб гашта, мақоми сеюм насиби Фирӯза Убайдуллозода аз Академияи Вазорат гардид.
Аз ҳисоби даставӣ варзишгарони шуъбаи Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ба ишғоли ҷойи якум, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишон ҷойи дуюм ва Академияи Вазорат ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гардиданд.
Ба дастаҳо ва варзишгарони ғолиби мусобиқа Ҷом, диплом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

1018

Мукофотҳоро ба ғолибон аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён супорид.

Х. Солиҳов




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика