Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сангбардории варзишгарони паҳлавон

1011

27-уми феврали соли 2021 дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи сангбардорӣ дар доираи мусобиқаи кушоди варзишии Вазорат байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур, 42 нафар варзишгарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои гирда омада, дар панҷ вазн қувваи бозуи худро бо санги 24 килоӣ санҷиданд.
Паҳлавонон сангҳоро дар ду давр, даври аввал бо ду даст ду санг ва даври дуюм бо як даст як сангро бардошта, ҳакамони мусобиқа холҳои бадастовардаашонро ҳисоб намуда, тибқи тартиби қоидаҳои байналмилалӣ ғолибонро муайян намуданд.
Ҳамин тариқ, дар вазни то 60 кило корманди Вазорати корҳои дохилӣ Алиҷон Абдухолиқов бо гирифтани 45 хол ҷойи аввал, Сангинмурод Давлатов аз дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар бо 34 хол ҷойи дуюм ва Шукрулло Табаров корманди дигари Вазорати корҳои дохилӣ бо 26 маротиба бардоштани санг ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар вазни 70 кило бо 102 хол кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Сайфиддин Абдуназаров ҷойи якум, Дилшод Раҳимзода бо 95 хол мақоми дуввум ва Муҳаммадҷон Мардонзода бо 84 хол мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Дар вазни 80 кило низ варзишгарони Вазорати корҳои дохилӣ хеле заҳмат кашида, маҳорати баланд нишон доданд. Дар натиҷаи қувваозмоиҳо, варзишгарони Вазорат бо 150 хол ҷойи аввалро Мирзоев М., бо ба даст овардани 91 хол Соҳиб Давлатзода ҷойи дуюм ва зинаи сеюмро Азимзода М. бо 87 хол мутаносибан соҳиб гаштанд.
Дар вазни 90 кило бо 135 холи умумӣ Шарофиддини Шамшод аз дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи аввали мусобиқаро бо боварии комил мушарраф гардида, Назаров А. корманди КҲФ ва МГ бо 111 хол мақоми дуюм ва Ҳокими Миралӣ намояндаи дигари Вазорати корҳои дохилӣ зинаи сеюмро ишғол намуданд.
Дар вазни беш аз 90 кило, бо ба даст овардани 123 хол корманди Вазорати корҳои дохилӣ Солеҳ Давлатзода ҷойи аввал, намояндаи дигари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Зафарбек Сафаров бо 120 хол мақоми дуюм ва Саидҷон Иномов аз Вазорати мудофиаи кишвар бо 92 холи умумӣ мақоми сеюмро сазовор гардиданд.

10121013

Аз натиҷаи мақомҳои ишғолнамудаи варзишгарон ғолибони даставӣ ҷойи аввалро дастаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷойи дуюмро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ соҳиб гашта, ҷойи сеюм насиби варзишгарони дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ гардид.
Дар охир, ғолибони даставии мусобиқа бо Ҷом ва дипломҳо, варзишгарони ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бошанд, бо медал, сипоснома, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.

Хисрав Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика