Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои мусобиқаи шашкаю шоҳмотбозон

983

Санаи 19-уми феврали соли 2021, дар толори бинои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои шашка ва шоҳмот байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Мусобиқаи мазкур ҷузъи мусобиқаи кушоди варзишӣ бахшида ба «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» мебошад.
Дар мусобиқаҳои имсолаи шашкаю шоҳмот дар умум 25 дастаи мақомоту идораҳо бо теъдоди 110 нафар ширкат варзиданд. Мусобиқаҳо байни мардҳо аз рӯи системаи швейтсарӣ ва байни бонувону наврасон бо таври даврӣ доир карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки ба ин намудҳои варзиши зеҳнӣ дар кишвар сол аз сол таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Мусобиқаҳоро мутахассиси соҳа раиси Федератсияи шоҳмоти ш. Душанбе Илҳом Юнусов ва дигар доварони ботаҷриба ташкил ва гузарониданд.

984

Дар маросими кушодашавии чорабинӣ муовини аввали сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Абдувалӣ Шарифзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, тамоми иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ба муносибати ҷашни дарпешистодаи Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфт. Қайд гардид, ки бо таваҷҷӯҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиши шашкаю шоҳмот дар кишварамон сол аз сол рушд меёбад, аз байни ҷавонону наврасон чеҳраҳои нави варзишӣ, ғолибону ҷоизадорони сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар мегарданд. Варзиши шашкаю шоҳмот дарвоқеъ ба такомули фикрронӣ ва инкишофи қобилияти зеҳнии инсон мусоидат намуда, чун дигар намудҳои варзиш таҳкимбахшандаи дӯстию рафоқат, таҷассумгари сулҳу ваҳдат ва якдилию муттаҳидии қавму миллатҳо ҳисоб меёбад.
Пас аз рақобатҳо ғолибони мусобиқа муайян гаштанд.
Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи шашка ҷойи аввалро миёни мардҳо Сиддиқ Муборакиён аз дастаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, ҷойи дуюмро Тоҷиддин Сафарализода аз Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷойи сеюмро Баҳодур Тоиров намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуданд.
Дар ин намуди варзиш дар байни бонувон Сарвиноз Каримова аз Кумитаи рушди сайёҳӣ мақоми аввал, Лола Исмоилова аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон зинаи дуюм ва Нилуфар Шукруллоева аз дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Дар сабқати шоҳмот байни мардҳо ба гирифтани ҷойи аввал Ҷалолиддин Илҳомӣ варзишгари аъзои ШҶ «Динамо»-и ВКД, мақоми дуюм Алишер Каримов аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мақоми сеюм Сулаймон Оймаҳмадов аз дастаи ҶДММ «Мададгори андозсупор» мушарраф гардиданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот байни бонувон бошад, мақомҳои ғолибиятро Сабрина Абророва – аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД ҷойи фахрии аввал, Мутриба Ҳотамӣ аз ш.Душанбе ҷоий дуюм ва Зебо Улуғхоҷаева зинаи сеюмро ба даст оварданд.
Аз рӯи натиҷаи дастовардҳои ғолибон дар намуди шашка дастаи варзишгарони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввал, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мақоми дуюм ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот дастаи Вазорати корҳои дохилӣ зинаи аввал, шаҳри Душанбе мақоми дуюм ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

985986987988

Дар мусобиқаҳо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва дигар ташкилоту идораҳо хеле фаъолона ширкат варзиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, ба ғолибони мусобиқаҳо аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ҷом, диплом, медалу ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Мукофотҳоро ба ғолибон дар маросими тантанавӣ муовини аввали сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Абдувалӣ Шарифзода, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорат подполковники хизмати дохилӣ Шоҳиён Аслиддин Назрӣ ва раиси Федератсияи шоҳмоти шаҳри Душанбе Илҳом Юнусов супориданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика