Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии ҷашнии оташнишонон дар СХДО ВКД

1557

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ба масъалаи тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ ва омодагии рӯҳию равонии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар тамоми ҷузъу томҳо ба онҳо тамоми шароитҳои зарурии барои ба варзиш машғул шудан ва ташкилу баргузор намудани мусобиқаҳои варзиширо муҳайё гардонидааст.
Дар ин замина, бо мақсади тарғиби ҳаёти солим, муайян намудани варзишгарони болаёқат барои дастаи мунтахаби Сарраёсат ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи машқи-таълимии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми феврали соли 2021 мусобиқаи Сарраёсат оид ба намуди «Вазнбардорӣ» дар байни Хадамоти давлатии оташнишонии гарнизони Душанбе баргузор гардид.
Мусобиқаро бо суханони ифтитоҳи муовини аввали сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Назарзода Худойқул Бӯрӣ кушода эълон намуда, ба ҳайати доварон шафофияти рафти мусобиқа ва ба ҳамаи варзишгарон комёбию натиҷаҳои беҳтарини варзиширо таманно намуд.
Дар мусобиқа 14 даста байни худ қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқа хеле ҷолиб ҷараён гирифта, қуваозмоии иштирокчиёни мусобиқа ҳайати доварону тамошобинонро ба ваҷд оварда, аз тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар як варзишгар ба чорабинии варзишӣ дарак медод.
Сардовари мусобиқа подполковники милитсия Шариф Шарифов натиҷаҳои чорабинии варзиширо ҷамъбаст намуда иброз намуд, ки ҷойи аввалро дар комёбиҳои умумидаставӣ варзишрагони қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик»-и шаҳри Турсунзода, ҷойи дуюмро варзишгарони қисми мустақили 15-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Рӯдакӣ ва ҷойи сеюмро дастаи қисми 47-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ҶДММ «Бозори Корвон»-и шаҳри Душанбе ишғол намуданд.

1558

Ҳамчунин дар мусобиқаҳои СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ дар вазни 70кг ҷойи якумро аъзои дастаи қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик»-и шаҳри Турсунзода капитани хизмати дохилӣ Мардонзода Муҳаммадҷон Асатулло, ҷойи дуюмро аъзои дастаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қатории хизмати дохилӣ Абдуназаров Сайфиддин Мамараҳимович ва ҷойи сеюмро аъзои дастаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қатории хизмати дохилӣ Раҳимзода Дилшоди Зайниддин ишғол намуданд.
Дар вазни 80кг бошад, ҷойи якумро аъзои дастаи қисми 18-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик»-и шаҳри Турсунзода лейтенанти калони хизмати дохилӣ Ҳокимӣ Миралӣ Холзода, ҷойи дуюмро аъзои дастаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сержанти хизмати дохилӣ Давлатзода Соҳиб ва ҷойи сеюмро аъзои дастаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори курс капитани хизмати дохилӣ Азимзода Муртазо Акрам ишғол намуданд.
Инчунин дар вазни 90кг бошад, ҷойи якумро аъзои дастаи қисми мустақили 15-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Рӯдакӣ прапоршики хизмати дохилӣ Акрамов Баҳрулло Искандарович, ҷойи дуюмро аъзои дастаи қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор старшинаи хизмати дохилӣ Ахмедов Содиқ Мирзоалиевич ва ҷойи сеюмро аъзои дастаи қисми мустақили 15-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Рӯдакӣ прапоршики хизмати дохилӣ Ҷалолов Сафархон Маҳмадович ишғол намуданд.
Дар вазни аз 90кг боло ҷойи якумро аъзои дастаи қисми мустақили 1-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе капитани хизмати дохилӣ Давлатзода Солеҳ Абдуҷамил, ҷойи дуюмро аъзои дастаи қисми 47-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ҶДММ «Бозори Корвон»-и шаҳри Душанбе старшинаи хизмати дохилӣ Амонов Киромиддин Бобоевич ва ҷойи сеюмро аъзои дастаи қисми мустақили 27-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шаҳринав прапоршики хизмати дохилӣ Хурсанов Фатҳиддин Эркинҷонович ишғол намуданд.

1559

Дар интиҳои чорабинӣ муовини сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Сайдализода Аловуддин Зайнуддин ба ғолибони мусобиқа Ҷому Диплом ва Ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, барои иштироки фаъолона ва омодагии хубашон ба чорабинии варзишӣ ба тамоми варзишгарон изҳори сипосу минатдории самимӣ баён намуд.
Ҳамчунин қайд намуд, ки мо роҳбарияти Сарраёсат итминони комил дорем, ки варзишгарони имрӯзаи хадамот анъанаҳои варзишии собиқадорони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Файзулло Комилов, Бобо Зоиров, Хайрулло Назриев ва дигаронро идома дода, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ низ фаъолона иштирок намуда, бо натиҷаҳои беҳтарини варзишӣ номбардорони давлату миллати тоҷик мегарданд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика