Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳорати баланди варзишгарон дар гӯштини самбо

978

Дар доираи мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини самбо, сангбардорӣ, шашка ва шоҳмот байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», ки ба таҷлили ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шудааст, мусобиқаи гӯштини самбо гузаронида шуд.
Мусобиқаи мазкур, санаи 13-уми феврали соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии тимҳои мунтахаби ш. Душанбе доир карда шуд, ки дар он 273 нафар варзишгар дар ҳайати 25 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Мусобиқа мутобиқи талаботи қоидаҳои байналмиллалии «FIAS» (Федератсияи байналмилалии Самбо) гузаронида шуда, варзишгарон дар 9 вазн рақобат намуданд.
Аз ҷараёни мусобиқа маълум буд, ки аксари варзишгарон бо тайёрии хуб омада, тавонистанд дар назди мухлисони бешумори ин намуди варзиш қувваозмоиҳои зебо нишон диҳанд. Дарвоқеъ, ҷойҳои нишасти толор пур аз мухлисону тамошобинон буд ва он аз маҳбубият доштани гӯштин дар кишварамон дарак медиҳад.

979

Пас аз нишон додани малакаю маҳорати баланди варзишӣ ғолибони мусобиқаи гӯштини самбо муайян гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар вазни 52 кило ҷойи аввалро Сафарбеки Ҳукумалӣ аз дастаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Рамазонов Бурҳониддин аз дастаи шаҳри Душанбе ва ҷойҳои сеюмро намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ Сорбони Илҳом ва варзишгари Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ Қаҳорзода Восифӣ ишғол намуданд.
Дар вазни 57 кило ҷойи аввалро Ҷомии Ҳасан, ҷойи дуюмро Мунавваров Талабшо ҳар ду варзишгарони дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов (ДТҶ) ва ҷойҳои сеюмро Қарахонов Мадисо аз Вазорати корҳои дохилӣ ва Собирзода Саъдӣ аз дастаи Маркази омодакунии олимпии тимҳои мунтахаби ш. Душанбе (МООТМ) ба даст оварданд.
Дар вазни 62 кило ҷойи аввалро Куканшоев Масъуд аз дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Неъматов Абубакр аз дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷойи сеюмро намояндагони дастаҳои ш. Душанбе Олимбеков Фарид ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сулаймонов Худобахш соҳиб гардиданд.
Дар вазни 68 кило Алиев Зафар аз дастаи ДТҶ ҷойи аввал, Қаюмзода Субҳиддин аз дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ҷойи дуюм, Боқии Валимуҳаммад аз Вазорати мудофиаи кишвар ва Раҷабов Муҳаммадҷон аз Вазорати корҳои дохилӣ ҷойҳои сеюмро мушарраф гаштанд.
Дар вазни 74 кило ҷойи аввал насиби Сулаймонов Сорбон аз дастаи ДТҶ гашта, ҷойи дуюмро Ҳасанов Мустафо аз дастаи ш.Душанбе ва ҷойҳои сеюмро намояндахои дастаи МООТМ Рӯзиев Абдулло ва Аҳрорзода Саидҷомӣ аз Вазорати мудофиа ишғол намуданд.
Дар вазни 82 кило ҷойи аввалро Деваштичи Убайд аз дастаи ш.Душанбе, ҷойи дуюмро Қурбонов Ҷамшед аз дастаи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷойҳои сеюмро Шарипов Туйчибек аз дастаи ДТҶ ва Шоев Сайриддин варзишгари дастаи Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ШНТҶ) ишғол намуданд.
Дар вазни 90 кило варзишгари дастаи КДАМ Олимшоев Зафар мақоми аввал, Шарипов Раҳмихудо аз Вазорати мудофиа ҷойи дуюм ва ҷойҳои сеюмро намояндаи дигари КДАМ Оятуллои Қамарӣ ва Эшов Алишер аз Вазорати корҳои дохилӣ ба даст оварданд.
Дар вазни 100 кило Муҳибов Абдулҳамид аз дастаи ш.Душанбе ҷойи аввал, Садриддини Қурбоналӣ аз дастаи Вазорати мудофиа ҷойи дуюм ва ҷойҳои сеюмро Раупов Алидод аз Вазорати корҳои дохилӣ ва намояндаи дастаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Зикруллоев Ғайрат соҳиб гардиданд.
Дар вазни беш аз 100 кило варзишгари дастаи Вазорати корҳои дохилӣ Назриев Шарифҷон зинаи аввал, Қурбонзода Муҳаммадризо аз дастаи ШНТҶ мақоми дуюм, Шарипов Холмумин аз дастаи КДАМ ва Шомаҳмадов Саидмуъмин аз дастаи ДТҶ ҷойҳои сеюмро сазовор гардиданд.
Аз натиҷаи дастовардҳои варзишгарони мусобиқа дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов мақоми аввал, дастаи шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар соҳиби зинаи сеюм дониста шуданд.

980981

Варзишгарони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷмӯъ ба гирифтани як мақоми аввал, ду мақоми дуюм ва чор мақоми сеюм мушарраф гаштанд.
Ба дастаҳо ва варзишгарони ғолибу ҷоизадорони мусобиқа дар маросими тантанавӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Ҷом, диплом, медал, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика