Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӣ ғолиб мешавад? Оғози мусобиқаи даставии футбол дар Суғд

962

Шуруъ аз 11-уми феврал дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд барои дарёфти «Ҷоми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд» мусобиқаи даставии футболи хурд оғоз ёфт. Дар ин мусобиқа 19 даста аз ҳисоби шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд иштирок намуда, байни ҳам сабқат хоҳанд кард. Баргузории мусобиқаи мазкур дар партави чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати «Рӯзи артиши миллӣ» ва «Наврӯзи байналмилалӣ» ҷараён гирифта ғолибон дар арафаи ин ҷашнвораҳои умумимиллӣ қадршиносӣ мешаванд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил иштироку суханронӣ ва мақсади баргузории чорабинии варзиширо шарҳ дод. Мавсуф ҷалби кормандон ба намудҳои гуногуни варзишро омили пояндагии саломатӣ, авҷдиҳандаи нерӯву зебогӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим арзёби намуда таъкид дошт, ки варзиш дар реҷаи кории МКД мавқеи хос дорад ва ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ мебошад.
Мусобиқа таҳти назорати масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД бо доварии устодони варзиш ва мураббиёни Федератсияи футболи хурди вилояти Суғд сурат гирифта, аз рӯи реҷаи системаи даврӣ ҷараён хоҳад гирифт ва дастаҳои беҳтарин ба давраҳои баъдӣ роҳ меёбанд.

963964

Бозии дастаҳои ХД «Муҳофиза» ва ШВКД дар ноҳияи Деваштич оғозбахши мусобиқа гардид, ки ба пирӯзии дастаи хадамот бо ҳисоби бузурги 9 бар 4 хотима ёфт.
Тибқи барномаи мусобиқа ишғолкунандагони се зинаи ифтихорӣ соҳиби Ҷом ва медалу туҳфа хоҳанд шуд. Бар замми ин маҳорати футболбозон дар алоҳидагӣ қадршиносӣ мешавад.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика