Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои хуби футболбозони хурдсол дар фестивал

924

Рӯзҳои 8-9-уми январи соли ҷорӣ дар толори Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо ибтикори Федератсияи футболи кишвар бахшида ба «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи фестивали варзишӣ мусобиқаи футболи хурд байни хурдсолони синни 7-сола (U-7) таҳти шиори «Футбол барои ҳама!» баргузор карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур футболбозони дастаи кӯдаконаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, дастпарварони мураббии ҷавону лаёқатманд Тураҷонзода Акбаралӣ фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Динамочиёни хурдсол аз 5 бозӣ бо дастаҳои ҳамсолони худ аз мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе: «Ирбис», «РВШСМ» ва «Солор» 4 ғалаба ба даст оварда, 1 бозиро мусовӣ намуданд.

925926927

Хурсандии варзишгарони хурдсолро ҳадду канор набуд, онҳо бо медалу Ифтихорномаҳо сазовор гардонида шуданд.

Х. Солиҳов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика