Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи чорабинии муштараки зиддинашъамандӣ дар н. Ш.Шоҳин

760

Рӯзи 21 октябри соли ҷорӣ чорабинии муштараки “Корвони зиддимухаддиротӣ-2020”, ки дар доираи Нақша-чорабиниҳои муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ зери шиори “Якҷо бар зидди маводи нашъадор мубориза мебарем!” ташкил шудааст, кори худро дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон идома дод.
Чорабинии мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Ш. Шоҳин бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорону хонандагон, варзишгарон ва ҷавонони маҳалҳои он баргузор гардид.
Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Ш.Шоҳин Шифо Ҷумазода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшида, оид ба ташкилу гузаронидани чунин як чорабинии мубрами рӯз, ки ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, зарар ва оқибатҳои он, изҳори назар намуд.
Қайд карда шуд, ки дар замони имрӯза шахсоне побанди ин зуҳуроти номатлуб мегарданд, ки руҳан иродаи заиф дошта, дониши кофӣ ва тафаккури амиқу дақиқ надоранд, чунин шахсон дар зиндагӣ гумроҳи ҳаёти хеш мегарданд.
Зимни суханронии намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовар, Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ зикр карда шуд, ки ноҳияи мазкур ноҳияи наздисарҳадӣ буда, марзи он бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 228,4 километрро дарбар мегирад, ки нисбат ба дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ хатари қочоқи маводи мухаддир ва эҳтимолияти ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст задани баъзе аз сокинон вуҷуд дорад. Баромадкунандагон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони ноҳия, вобаста ба зарар ва оқибатҳои бади маводи нашъадор, пешгирии нашъамандӣ, фаҳмонидани сабабҳои вайроншавии оилаҳо дар натиҷаи истеъмоли маводи мухаддир, афзудани сафи бекорӣ дар ҷомеа, таҳдид ба генофонди миллат ва садҳо дигар бадиву мусибат аз дасти ин вабои аср суханронӣ намуданд. Ташкил ва баргузории чорабинии “Корвони зиддимухаддиротӣ 2020”-ро амри саривақтӣ ва муфид дар ҷомеа арзёбӣ карда шуд.
Дар қисмати варзишии чорабинӣ даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, сангбардорӣ ва бандкашӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо доираи васеи ҷавонони ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

761762763764

Ба ғолибони мусобиқаҳо аз тарафи ташкилкунандагони чорабинии “Корвони зиддимухаддиротӣ-2020” бо Ҷом, медал, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд. Рафти супоридани туҳфаҳоро иштироккунандагон ва мухлисони бозиҳои варзишӣ бо кафкубиҳои самимонаи худ истиқбол гирифтанд.
Дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ш. Шоҳин дар интиҳои чорабинии мазкур бо сурудҳои тару тоза хотири иштирокдоронро болида гардонид.
Х. Солиҳов, Т. Латипов Ш.Шоҳин-Душанбе-Ш.Шоҳин




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика