Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти вазнбардори аъзои «Динамо» дар чемпионат

728

Рӯзҳои 5-6-уми сентябри соли 2020, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазнбардорӣ ва сангбардорӣ доир гардид.
Дар чемпионати мазкур варзишгари аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Сангов Асомуддин Бобохонович дар вазни 89 кило баромад намуда, бо бардоштани вазни 155 кило ба гирифтани мақоми аввал ва медали тиллои сабқати вазнбардорӣ шарафёб гашт.

Бояд зикр намуд, ки дар ин чемпионат беш аз 80 нафар варзишгарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳайати 7 даста ширкат варзида, қувваю маҳорати худро санҷиданд.

Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика