Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳои динамочиёни наврас дар мусобиқаи гӯштин

177

Рӯзҳои 12-13-уми сентябри соли ҷорӣ, бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак мусобиқаи ҷумҳуриявии «интихобӣ» оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллудашон 2003 – 2007 баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаи гуштингирони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзида, ду нафари онҳо соҳиби медалу дипломҳои мусобиқа гардиданд.
Ҳамин тариқ, динамочии наврас Ҳасан Саломов дар вазни 48 кило ҷойи аввалро ишғол намуда, Руслан Мустафиров дар вазни 92 кило сазовори мақоми сеюм гардид.
Варзишгарони мазкур таҳти дастпарварии мураббии ботаҷрибаи ШҶ «Динамо» Малик Исматуллоев машқу тамрин менамоянд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика