Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии варзишгарони муваффақи ВКД

956

Дар Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари вазифаҳои муҳими ба зиммадошта, ба соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ин аст, ки кормандону варзишгарон ба дастовардҳои назаррас ноилгардида, аз ҷониби роҳбарияти ВКД пайваста қадрдонӣ мегарданд. 

Рӯзи 6-уми август муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода якчанд варзишгарону кормандони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-ро, ки дар мусобиқаҳои бонуфӯз музаффарият ба даст оварда буданд, қабул намуд. Мавсуф, онҳоро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои дастовардҳои назаррасашон табрику таҳният гуфта, бо туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дастаи футболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ санаи 30-юми июли соли 2020 дар мусобиқаи футболи хурд бахшида ба «Рӯзи байналмилалии дӯстӣ» байни дастаҳои Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон (мустақар дар шаҳри Душанбе) ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси пойгоҳи низомии мазкур ташкил ва баргузор карда шуда буд, иштироки фаъолона намуда, дар байни 6 дастаи пурқувват ҷойи аввалро ишғол намуд. Дастаи «Динамо» соҳиби Ҷом ва дипломи мусобиқа гардид.
Ҳамчунин, мураббии дастаи варзишии қисми ҳарбии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД, Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба Устоди дараҷаи байналмилалӣ, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» майор Умедҷон Сайдуллозода дар се мусобиқаи варзишии таеквандо WTF (намуди олимпӣ) ба таври онлайнӣ ширкат варзида, аз ҷумла дар сабқати онлайнии кишвари Перу миёни 26 давлат мавқеи 1-ум, дар мусобиқаи Англия дар байни 51 давлат мақоми 4-ум ва дар мусобиқае, ки дар Ҷумҳурии исломии Эрон доир гашт, миёни 16 давлат ва варзишгарони 23 шаҳру навоҳии ин кишвар сазовори зинаи сеюм гардид.

957

Дар охир муовини Вазири корҳои дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода ба варзишгарони муваффақ барои ноил гардидан ба дастовардҳои аз ин ҳам баландтар дар мусобиқаҳои навбатӣ комёбиҳо таманно намуд.

Хусрав Солиҳов,
подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика