Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Футболи хурд бахшида ба «Рӯзи байналмилалии дӯстӣ»

711

Санаи 30-юми июли соли ҷорӣ (пойгохи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон) бахшида ба «Рӯзи байналмилалии дӯстӣ» дар майдончаи варзишии «Султони Кабир» мусобиқа аз намуди футболи хурд байни дастаҳои Клуби марказии артиши миллии Вазорати мудофиа, «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, Нерӯҳои марзбонии КДАМ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, баргузор намуд, ки дар ин мусобика дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷои аввал гардид.

712

Дар даври якуми мусобика дастаи «Динамо» бар дастаи Дивизиям 201-ум-2 бо ҳисоби 12:4 ғолиб омад, инчунин дар даври дуюми мусобиқа низ дастаи «Динамо» бар дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ҳисоби 17:2 ғолиб омад ва дар даври ниҳоӣ бошад бар дастаи Дивизияи 201-ум-1 бо ҳисоби 5:1 шуда, ғолиби мусобиқа гардиданд.
Ҷои 1 - «Динамо»-и ВКД
Ҷои 2 - Дивизияи 201 -ум-1
Ҷои 3 - Клуби марказии артиши миллии Вазорати мудофиа
Инчунин нишонзани беҳтарин Исмоилов Ҷамшед Исроилович, дарвозабони беҳтарин Ҷалилов Муҳаммад ва бозингари беҳтарин Холиқзода Баҳодур аз дастаи «Динамо»-и ВКД эълон шуданд.

714713

Ба ғолибони мусобиқа Ҷом, медал, ифтихорнома ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика