Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пирӯзии дастпарварони «Динамо» дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

662

Рӯзҳои 17-18-уми апрели соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини дзю-до байни наврасони солҳои таваллуди 2006-2007 баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ таҳти роҳбарии мураббӣ Худоиев Изат фаъолона иштирок намуданд.
Дар натиҷа, Абдуфайёзи Аминҷон дар вазни 60 кг ҷойи аввалро ишғол намуд ва Асадуллои Муҳиддин низ дар вазни 60 кг соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Баргузории чунин мусобиқаҳо дар байни наврасон ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва таҳким ёфтани дӯстию рафоқат мусоидат мекунад.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика