Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муваффақияти таеквондочиёни наврас дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

03

Рӯзҳои 11-12-уми апрели соли 2020, дар толори Маҷмааи варзишии «Самандар-21»-и шаҳри Турсунзода мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таеквондо (ВТФ) байни наврасони солҳои таваллуди 2006-2008 баргузор гардид, ки дар он 4 нафар таеквондочиёни дастаи яккачини «Динамо» фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас муваффақ гаштанд.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, дар он варзишгарони 10 даста аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Динамочиёни наврас дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1 ва Душанбе-2 баромад намуда, аз ҷумла, Отабуллоев Аъзам дар вазни 41 кило, Қарабоев Шералӣ дар вазни 53 кило ҷойҳои якум, Тухтасинов Муҳаммадсидиқ дар вазни 49 кило ҷойи дуюмро миёни ҳамсолони худ ба даст оварданд. Ҳамчунин, дар ҳайати даставӣ Қарабоев Шералӣ ва Тухтасинов Муҳаммадсидиқ мақомҳои аввал ва динамочии дигар Разоқов Баҳриддин ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ғолибон бо медалу Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Х.Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика