Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти варзишгарони ШҶ «Динамо» дар чемпионати ҷумҳурӣ оид ба бокс

646

Аз санаи 2-юм то 6-уми апрели соли равон дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати ҷумҳурӣ оид ба бокс (муштзанӣ) миёни мардон ва бонувон дар ҳайати 200 нафар иборат аз 8-даста, ду даста аз шаҳри Душанбе, ду дастаӣ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ аз рӯи категорияи вазни олимпӣ 8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни бонувон доир гардид.

647

Дар ин чорабинии варзишӣ варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ 4-зан ва 3-мард ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Аз ҷумла, миёни бонувон Самадова Миҷгона дар вазни 57 кг, Холова Идимо дар вазни 69 кг, Қосимова Сумая дар вазни 51 кг ва мураббии Шӯро оид ба бокс Каримова Фарзона дар вазни 75 кг ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.
Миёни мардон бошад, Шарипов Абдулло дар вазни 57 кг ҷойи 2-юм, Амонов Абубакр дар вазни 75 кг ҷойи 3-юм ва Тағоев Мусо дар вазни 81 кг ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.
Дар натиҷа, варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби 4 медали тилло, 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика