Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи даставии футбол барои дарёфти «Ҷоми Наврӯзӣ»

638

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи даставии футбол барои дарёфти «Ҷоми Наврӯзӣ»-ро ташкил намуд. Ин чорабинии варзишӣ метавонад дар самти ҷалби ҳайати шахсӣ ба варзиш ва обутоби ҷисмонии онҳо мусоидат намояд. Мусобиқаи мазкур байни дастаҳои шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат ҷараён хоҳад гирифт.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ҷамшед Зубайрзода иштироку суханронӣ ва мақсади баргузории чорабинии варзиширо шарҳ дод. Мавсуф ҷалби кормандон ба намудҳои гуногуни варзишро омили пояндагии саломатӣ, авҷдиҳандаи нерӯ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим арзёби намуда таъкид дошт, ки варзиш дар реҷаи кории мақомоти корҳои дохилӣ мавқеи хос дорад.

639640

Бозии дастаҳои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон ва Шуъбаи тафтишотии Раёсат оғозбахши мусобиқа гардид, ки ба пирӯзии дастаи хадамот бо ҳисоби бузурги 8 бар 1 хотима ёфт.
Дар мусобиқаи мазкур дар ду зергуруҳ 14 даста ҷиҳати иштирок номнавис шудаанд. Мусобиқа таҳти назорати масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД бо доварии устодони варзиш ва мураббиёни Федератсияи футболи хурди вилояти Суғд сурат гирифта, аз рӯи реҷаи системаи даврӣ ҷараён хоҳад гирифт ва дастаҳои беҳтарин ба давраҳои баъдӣ роҳ меёбанд.
Тавре таъкид гардид, ишғолкунандагони се зинаи ифтихорӣ соҳиби Ҷомӣ мусобиқа ва медалу туҳфа хоҳанд шуд. Бар замми ин маҳорати футболбозон дар алоҳидагӣ қадршиносӣ мешавад.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика