Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ ба муносибати «Рӯзи модар»

610

Дар арафаи таҷлили «Рӯзи Модар» ташкили чорабиниҳои гуногун рамзи эҳтирому эътибори созандагони ҳаёт- Модарон аст. Бо дастури сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич байни кормандзанони мақомоти милитсияи Суғд мусобиқаи варзишӣ дар намуди «Тениси рӯи миз» баргузор гашт. 

611612

Маросими кушодашавӣ ва рафти мусобиқа дар толори варзишии Раёсат ҷараён гирифт.
Муовини сардори Раёсат полковники милитсия Музаффар Ализода мусобиқаро оғоз бахшида, ба иштирокчиёни мусобиқа нишондиҳандаҳои хуби варзишӣ таманно намуд ва мақсади чорабинии варзиширо пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба қадру манзалати зан-модар унвон кард.
Тениси рӯи миз бо иштироки 22 нафар кормандзанони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар вилояти Суғд, ки таҷриба ва қобилияти бозӣ дар ин намуди варзиш доштанд, доир гардид.
Мусобиқа аз рӯи намуди олимпӣ таҳти назорати масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД бо доварии устодони варзиш ва мураббиёни Федератсияи тениси вилояти Суғд сурат гирифта, ҳар нафари аз ҳарифи худ шикастхӯрда аз идома додани бозӣ маҳрум мегардид.
Ҳамин тавр, бо нишон додани маҳорати хуби тенисбозӣ подполковники милитсия Воҳидзода Моҳрӯ Абдуғаффор-нозири калони ШК ва КҲШ ғолиби мусобиқа ва сазовори ҷойи аввал, майори милитсия Вализода Фароғат Валӣ-корманди шуъбаи молияи иқтисодӣ мақоми дуюм ва майори милитсия Қодирзода Мақсадой Абдуҳакимӣ-нозири калони шуъбаи таъминоти моддӣ ва лавозимоти низомии Раёсат зинаи сеюми ифтихориро соҳиб шуданд.

613614

Ҷоизадорони мусобиқаи варзишӣ зимни баргузории чорабинии идона ба муносибати «Рӯзи модар» қадршиносӣ гардиданд.
Акбар Шарифӣ
майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика