Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Макоми ифтихории гӯштингирони навраси дастаи Динамо

383

Дар мусобиқаи кушоди Муассисаи давлатии ММВЗО (Мактаби маҳорати варзишии захираҳои олимпӣ) №6-и шаҳри Душанбе оид ба гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллуди 2005-2007, ки рӯзҳои 21-22 феврали соли равон бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Куввахои Мусаллахи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, дастаи гӯштингирони навраси “Динамо”-и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намуда, чандин мақоми ғолибиятро ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи мазкур 12 дастаи мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бо теъдоди беш аз 120 нафар варзишгар ширкат доштанд.

384385386

Аз миёни гӯштингирони навраси дастаи «Динамо», ки таҳти дастпарварии мураббии ботаҷриба Наврӯз Назарзода машқу тамрин менамоянд, ҷойҳои аввалро Фирдавс Шермамадов дар вазни 57 кило, Низом Назарзода дар вазни беш аз 57 кило, як ҷойи дуюмро Фаррухи Хуршед дар вазни 44 кило ва се ҷойи сеюмро Дилшод Холзода дар вазни 44 кило, Абубакр Нуруллоев дар вазни 23 кило ва Абдулазиз Шакиров дар вазни 20 кило ба даст оварданд.
Ғолибони мусобиқа бо медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии ташкилкунандагони чорабинӣ сарфароз гардонида шуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика