Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойҳои намоёни гӯштингирони «Динамо» дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

570Гӯштингирони ҷавони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷамъбасти соли 2019 оид ба гӯштини дзю-до, ки рӯзҳои 7-8-уми декабри соли 2019 дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини шаҳри Душанбе (Манеж) доир гардид, ширкат варзида, чандин мақомҳои сазоворро соҳиб гардиданд.

Аз ҷумла, Мадёр Солиев дар вазни 100 кило ҷойи дуюм, Давлатҷон Назриев дар вазни беш аз 100 кило, Шоҳрух Амирхонов дар вазни 100 кило ва Шоҳрух Ятимов дар вазни 73 кило мақомҳои сеюми мусобиқаро ба даст оварданд.
Ғолибон аз ҷониби ташаббускорони чорабинӣ бо медалу Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.
Х. Солиҳов, подполковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика